Дарёфти ҷасад аз ҳавзи моҳипарварии Конибодом: сабаби ғарқшавӣ номаълум аст

Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи Тоҷикистон аз дарёфти ҷасади марди ношинос хабар медиҳад, ки аз ҳавзи моҳипарварии шаҳри Конибодом берун оварда шуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 7 дек — Sputnik. Дар шаҳри Конибодом ҷасади марди ношинос аз ҳавзи моҳипарварии ҶСК "Бодом" дарёфт шуд, хабар медиҳад Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи Тоҷикистон.

Сафорати Русия қазияи бедарак шудани сайёҳи русро дар Хингоб таҳти назорат гирифт

Бар иттилои манбаъ, хабари ғарқ шудани марди ношинос дар ҳавзаи моҳипарвариро кормандони наҷотбахшӣ соати 11:41 дақиқаи рӯзи 6-уми декабр дарёфт намуданд.

ВУД: се нафар аз беэҳтиётӣ ғарқ шуданд

Ба Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар вилояти Суғд аз Шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Конибодом занг зада хабари дар ҳавз ғарқ шудани марди ношиносро расонданд, омадааст дар хабар.

Гуфта мешавад, баъди дарёфти ин маълумот сардори бахши ҳолатҳои фавқулодда бо чанд тан аз наҷотдиҳандагон ба ҷойи ҳодиса сафарбар шуданд. Аз ҳавз ҷасади марди ношиносро берун оварданд ва ба мақомоти дахлдор супурданд.

КҲФ: дар ду рӯз ҳафт нафар аз ғарқшавӣ дар рӯди Сир наҷот ёфтанд

Маълум гардид, ки марҳум сокини 67-солаи шаҳр будааст, вале сабаби ба оби ҳавз ғарқ шудани ӯ маълум нест.

Феълан мақомоти марбута аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот мебаранд.