Нигаронии Қирғизистон аз қочоқи барзиёди тамоку аз Тоҷикистон

Хадамоти гумруки Қирғизистон аз он изҳори нигаронӣ мекунад, ки аз ҳама беш тамоку ва маҳсулоти кишоварзӣ ба кишвари онҳо аз Тоҷикистон ба таври қочоқ ворид мешавад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 6 дек — Sputnik. Ба Қирғизистон аз ҳама беш молу маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври қочоқ ворид мешавад. Дар ин бора зимни ҷаласаи Жогорку Кенеш муовини роҳбари Хадамоти гумруки ин кишвар Султон Маҳмадсодиқов хабар додааст.

Маҳмадбоқизода зарфи ду сол беш аз 900 ҳазор сомонии буҷаро аз худ кардааст

Ба изҳори Султон, қисми асосии моли қочоқшаванда ба Қирғизистон аз ҳамсоякишвари Тоҷикистон сурат мегирад.

"Пас аз он ки Хадамоти гумрук сарҳади Қазоқистонро тарк кард, аксаран моли қочоқ ба Қирғизистон аз Тоҷикистон ворид мешавад", - афзудаст муовини роҳбари Хадамоти гумруки ин кишвар.

Фарқияти себаробарӣ миёни омори Тоҷикистону Чин: 1,4 миллиард доллар куҷо шуд?

Зикр мегардад, ки аз Тоҷикистон асосан тамоку ва маҳсулоти кишоварзӣ ба таври ғайриқонунӣ ба Қирғизистон интиқол меёбанд.

Ба маълумоти намояндагони Хадамоти гумруки ин кишвар, сар аз соли 2019 дасти кам 60 парванда оиди қочоқи мол ба Қирғизистон ба мақомоти судӣ ирсол гардидааст.

Гуфта мешавад, қочоқи тамоку ва маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳамин давра ба маблағи 454 миллион сом сурат гирифтаст.