Муҳим: рӯзи паёми Президент ба парлумони кишвар маълум шуд

рӯзи паёми Президент ба парлумони кишвар маълум шуд. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар рӯзи 26 декабр паёми ҳамасолаи худ ба парлумонро ироа мекунад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 6 дек - Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 26 декабр дар ҷаласаи нуҳуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати панҷум  Паёми навбатии худро ироа мекунад.

Бино ба гузориши Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин паём раисиҷумҳур дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хоҳад гуфт.

Матни комили паёми президент Эмомалӣ Раҳмон

Ба иттилои манбаъ, дар ин хусус қарори раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расидааст.

Гуфта мешавад, ки ҷаласаи нуҳуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати панҷум, 26 декабри соли 2019, соати 9.00 дар шаҳри Душанбе даъват карда мешавад.

Ёдрас мешавем, ки шурӯъ аз соли 2017 ироаи паёми асосии раисҷумҳури Тоҷикистон ба парлумон қабл аз оғози соли нав сурат мегирад.

Паёми Президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Тоҷикистон баргузор шуд

Ба ин чорабинӣ маъмулан аъзои ҳукумат, роҳбарони вазорату идораҳо, раисони вилоят ва шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ даъват карда мешаванд.