Пешниҳоди Тоҷикистон барои мубодилаи барқ бо Эрон

Вазири энергетика ва захоири обии Тоҷикистон ба роҳбарияти Ширкати сохт ва таҳияи колои саноати барқи Эрон пешниҳод ҳамкорӣ, дар заминаи табодули барқи миёни ду кишвар кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 5 дек — Sputnik. Усмоналӣ Усмонзода, вазири энергетика ва захоири оби Тоҷикистон бо ишора ба ин ки авҷи масрафи барқ дар Тоҷикистон зимистон ва дар Эрон тобистон аст, ҳамкорӣ дар заминаи табодули барқи ду кишварро пешниҳод кард.

Усмоналӣ Усмонзода, вазири энергетика ва захоири оби Тоҷикистон зимни мулоқот бо Муҳаммадвалии Алоуддинӣ, мудири кулли Ширкати сохт ва таҳияи колои саноати барқи Эрон мавсум ба СоТКоБ дар мавриди тақвияти ҳамкории муҳандисони Тоҷикистонут Эрон дар бахши нерӯгоҳҳои тавлидкунандаи энержӣ таъкид кард, иттилоъ додааст хабаргузории ИРНА.

Эрон хостори иртиботи электрикӣ бо Тоҷикистон аст

Вазири энергетика ва захоири оби Тоҷикистон бо ишора ба собиқаи ҳамкории ин кишвар бо ширкатҳои эронӣ ва ризоят аз тарҳҳои иҷрошуда дар Тоҷикистон афзуд, муҳандисони эронӣ дар иҷрои ин гуна тарҳҳо аз бисёр кишварҳои аврупоиҳо пешрафтатар ҳастанд.

Вай зимни мулоқот аз хостори баргузории ҷаласоти машваратии байни ширкати СоТКоБ ва мудирони обу барқи Тоҷикистон шуд.

Муҳаммадвалии Алоуддинӣ, мудири кулли Ширкати сохту таҳияи колои саноати барқи Эрон ҳам дар ин гуфт, ки Ширкати СоТКоБ беш аз 50 сол собиқаи фаъолият дорад ва ин ширкат омодааст, ҳама ниёзҳои таҷҳизоти ҳавзаи обу барқи Тоҷикистонро таъмин ва дар интиқоли дониши фаннии тавлиди таҷҳизоти обу барқ бо ин кишвар ҳамкорӣ кунад.

Муҳаммадвалии Алоуддинӣ  Тоҷикистонро ба лиҳози манобеи обӣ муносиб барои сармоягузорӣ донист ва пешниҳод дод, комиссияи муштараке барои тасҳил дар умури тиҷорӣ ва содироти ду кишвар эҷод шавад.

Эрон барои пайвастан ба Иттиҳоди Иқтисодии АвруОсиё наздик шуд

Усмоналӣ Усмонзода, вазири энергктика ва захоири оби Тоҷикистон, ки барои иштирок дар сездаҳумин иҷлоси Комиссияи муштараки ҳамкориҳои иқтисодӣ ва фаннии Эрону Тоҷикистон, дар шаҳри Теҳрон ҳузур дорад.  Қарор аст, Усмоналӣ Усмонзода имрӯз дар даҳумин иҷлоси Шӯрои ҳуккоми Маркази минтақаии мудирияти оби шаҳрӣ дар Теҳрон ширкат хоҳад кард.

Эрон, ки бо Тоҷикистон дар чанд соли пеш робитаҳои хуб дошт, ду тарҳи бузург, аз ҷумла нақби “Истиқлол” ва нерӯгоҳи “Сангтӯда-2” – ро амалӣ кард. 

Сохтмони нерӯгоҳи барқи обии “Сангтуда 2” соли 2006 оғоз шуда, чархаи аввали он дар соли 2011 ба кор даромада буд. Дар ин тарҳ 256 миллион доллар сарф шудааст, ки 180 миллиони он аз ҷониби Эрон, 40 миллион доллараш аз ҷониби Тоҷикистон ва 36 миллион доллараш аз ҷониби ширкати эронии “Сангоб” пардохт шудааст.

Бар асоси шартномаи миёни ду кишвар, қарор буд аз рӯзи баҳрабардорӣ ин нерӯгоҳ 12 сол дар ихтиёри Эрон қарор гирифта, баъдан пурра моли Тоҷикистон шавад.