Нигаронии раиси вилояти Хатлон аз ҷудошавии оилаҳо

Дар вилояти Хатлони Тоҷикистон дар давоми 10 моҳи соли равон 2 ҳазору 191 оила ақди никоҳи худро бекор карданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 5 дек — Sputnik.  Дар вилояти Хатлон давоми 10 моҳи соли равон 2 ҳазору 191 оила ақди никоҳи худро бекор кардаанд, ки ин шумора нисбати ҳамин давраи соли гузашта 231 ҳолат зиёд аст, иттилоъ додаааст сомонаи ҳафтномаи “Фараж”.

Се ноҳияи Хатлон то ҳол ба мавсими зимистонгузаронӣ омода нестанд

Раиси Хатлон ба 21 бонуи соҳибкору фаъол грант дод

Бино бар иттилои манбаъ, Қурбон Ҳакимзода, раиси вилояти Хатлон охири моҳи гузашта дар анҷумани занони сарвар, ки дар шаҳри Бохтар баргузор гардид, аз зиёд ҷудо шудани оилаҳо изҳори ташвиш карда буд.

Ҳамон замон раиси вилояти Хатлон аз занони фаъол даъват карда буд, ки дар пешгирии ҷудошавии оилаҳо саҳмгузор бошанд.

Деҳае дар вилояти Хатлон аз даврони Шӯравӣ то кунун барқ надоранд

Ба гуфти Қурбон Ҳакимзода, аз  шумораи ҷудошавии оилаҳо 1 ҳазору 704 ҳолат бо ҳалномаи суд, дар 480 ҳолат бо аризаи ҳамсароне, ки аз зиндагии якҷо соҳиби фарзанд нашудаанд ва дар 10 ҳолат бо аризаи яке аз ҳамсарон аз ҳам ҷудо шудаанд.