Заминларза дар Афғонистон Тоҷикистонро низ ларзонд

Тоҷикистонро имрӯз заминларзаи 2-3 балла такон дод. Маркази заминҷунбӣ дар Афғонистон буда, шидати он ба 4 дараҷаи Рихтер баробар будаст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 4 дек — Sputnik. Имрӯз соати 13:46 дақиқаи ба вақти маҳаллӣ дар Тоҷикистон заминларза ба амал омад, хабар медиҳад агентии "Ховар".

Заминҷунбии 5.8 балла дар Покистон мунҷар ба ҳалокати 24 нафар гардид

Бар хабари манбаъ, шиддати заминларза дар Душанбе аз рӯи дараҷаи рихтер 2 -3 баллро ташкил дод.

Бар асоси маълумоти манбаъ, маркази зилзила дар 273 - юм километри ҷанубу шарқи Душанбе қарор дошт. Шиддати заминҷунбӣ дар Афғонистон 4 ташкил дод.

Бадахшони Тоҷикистонро заминларзаи 5 баллӣ такон дод

Заминҷунбии мазкур дар пай талафоти ҷонб ва хисороти молӣ надошт.

Зимнан, имрӯз ҳамсоякишвари Узбакистонро низ заминҷунбӣ такон дод. Соати 05:35 дақиқаи ба вақти маҳаллӣ дар Узбакистон замин ҷунбид. Қувваи заминҷунбӣ ба 4 - 5 дараҷаи Рихтер баробар буд.