Тирпарронӣ дар Перм: марди 50-сола ба сӯи мардум оташ кушод

Зиёнкор аввал аз тирезаи манзилаш тир кушода баъд дари даромадашро сӯрох кардааст ва сипас ба кӯча баромада ба сӯи роҳгузарон оташ кушодааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 4 дек — Sputnik. Дар Перм марди 50 сола ба сӯи роҳгузарон тир кушод ва занеро ба ҳалокат расонид, хабар медиҳад РЕН ТВ.

Қайд мешавад, ки дар паи ин ҳодиса ду кас ҷароҳатдор шудааст.

Қазия дар буриши кӯчаҳои Вилямс ва Писарева ба вуқӯъ пайвастааст. Муайян шудааст, ки зиёнкор аввал аз тирезаи манзилаш тир кушода баъд дари даромадашро сӯрох кардааст ва сипас ба кӯча баромада ба сӯи роҳгузарон оташ кушодааст.

Тирпарронӣ дар Миссурии ИМА чор кушта бар ҷой гузошт

Кормандони пулисро дида, мард ба сӯи онҳо низ оташ кушодааст. Дар натиҷа марди зиёнкор як корманди қудратиро захмӣ кардааст.

Дар ҳоли ҳозир пои корманди қудратӣ ҷарроҳӣ карда мешавад.

Мардро боздошт карда ва ба шӯъбаи пулис овардаанд.

Бино ба маълумоти пешакӣ, дар вақти ҳуҷум мард таҳти таъсири маводҳои сахттаъсир қарор доштааст. Дар баробари ин сабаби чунин рафтори мард то ҳол номаълум аст.

Феълан кормандони мақомоти қудратӣ ҷузъиёти ин қазияро муайян мекунанд.

Тирпарронӣ дар коллеҷи Благовешенск: донишҷӯй чор касро захмӣ карду худро кушт - видео

Ёдрас мешавем, ки ҳодисаи монанд рӯзи 14 ноябр рух дода буд.

Дар Благовешенски вилояти Амур донишҷӯи коллеҷи хоҷагии манзилию коммуналӣ дар дохили бинои коллеҷ тирпарронӣ кард. Ҷавони 19-сола субҳи рӯзи 14 ноябр ба сӯи ҳамсинфонаш оташ кушод.

Донишҷӯй чор касро ҷароҳатдор карда, пас аз тирпаррронӣ худкушӣ намуд.