ДУШАНБЕ, 4 дек — Sputnik. Бинои чаҳорошёнаи истиқоматӣ дар шаҳри Белгород бар асари таркиши газ фурӯ рехт, хабар медиҳад котиботи Кумитаи тафтишотии ин минтақа.
Манбаъ меафзояд, бар асари ин ҳодиса як мард ҷони худро аз даст додаст. Ҷасади ӯро наҷотбахшон аз зерии харобаҳо берун оварданд. Зимнан аз захм бардоштани 6 тани дигар хабар дода мешавад.
Ду тан аз захмбардоштагон бинобар сӯхтагии шадид ба беморхона интиқол ёфтанд.
Гуфта мешавад, дар бинои мазкур 24 нафар иқомат дошта, 18 тан аз истиқоматкунандаҳоро ба ҷойи амнтар кӯч доданд.
Дар Стамбул бинои шашошёна фурӯ рехт - Навор
Зимнан, губернатори вилоят Евгений Савченко изҳор намудаст, ки ба оилаҳои зарардида феълан 30 ҳазор рубл ихтисос дода мешавад ва ҳамзамон онҳоро дар ояндаи наздик бо манзили зист таъмин мекунанд.
Феълан прокуратураи ин вилоят тафтишот аз рӯи ҳодисаи мазкурро оғоз намудаст.