Ҳаҷи умра: истифодаи “ашхоси манфиатхоҳ” аз боварии мардум ё монополия?

Кумитаи дин аз шаҳрвандони Тоҷикистон даъват кардааст, ки барои анҷоми маносики умра аз имкониятҳои ширкатҳои ватанӣ истифода кунанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 3 дек — Sputnik. Абдуғаффор Юсуфов, сардори шуъбаи равобити байналмилалӣ ва ташкили ҳаҷи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди ҳукумати Тоҷикистон, дар сомонаи расмии Кумита ба баррасии шароити анҷоми ҳаҷи умра пардохта, навиштааст, ки ин маърака сӯистифодаҳоеро аз сӯи бархе “ашхоси манфиатхоҳ” ба вуҷуд овардааст.

Худнамоӣ ва ё эътиқод: мақсади ҳаҷ бо чунин хароҷоти калон дар чист?

 “Вақтҳои охир бо истифода аз боварии мардум ашхоси манфиатхоҳ талош доранд, то бо роҳҳои ғайрирасмӣ ҳамватанони моро барои адои маносики умра сафарбар намоянд. Пешгирии ин ҳолатро бархе аз расонаҳои иттилоотӣ воқеъбинона инъикос накарда, ба таври иғвоангезу моҷароҷӯёна паҳн намудаанд”, - навиштааст Абдуғаффор Юсуфов.

Масъули Кумитаи дин ба муқаррароти қонунгузорӣ ишора карда, қарори ҳукумати Тоҷикистон “Дар бораи тартиби сафари шаҳрвандон барои адои ҳаҷи умра” (№802, аз 30 декабри соли 2015) – ро мисол меорад, ки тибқи он, Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим мақоми ваколатдори ташкили маросими ҳаҷи умра ва иҷрои ин қарор мебошад.

Бар пояи ин далел, Абдуғаффор Юсуфов аз шаҳрвандони Тоҷикистон, ки хоҳиши анҷом додани маносики умраро доранд, даъват кардааст, ки аз имкониятҳои ширкатҳои ватанӣ истифода кунанд.

 “Ин ширкатҳо расман дар асоси иҷозатномаи мақоми ваколатдор фаъолият карда, уҳдадоранд, ки барои зоирон дар рафти анҷом додани сафари ҳаҷи умра тамоми шароитҳоро муҳайё сохта, имкониятҳои мусоиди будубоши онҳоро таъмин намоянд”, - навиштааст ин масъули Кумитаи дин.

Баҳси интиқоли зойирин барои адои ҳаҷи умра дар ҳоле шурӯъ шуд, ки мақомоти Тоҷикистон ахиран аз сафари беш аз 30 нафар ба Арабистони Саудӣ ҷилавгирӣ карданд.

Муҳаммадзода ба ҳоҷиён: ҳангоми ҳаҷ расму оин ва анъанаҳои миллати тоҷикро фаромӯш накунед

 Сабаб ҳам ин буд, ки онҳо на бо ширкатҳои расмӣ, балки ба таври гурӯҳӣ ё тариқи миёнаравҳо азми сафари ҳаҷҷи умра кардаанд. Кумитаи дин гуфт, ваколати ташкил ва танзими ҳаҷҷи умра ҳаққи истисноии ин ниҳод аст, ки аз сӯи ҳукумати Тоҷикистон гирифтааст ва азбаски худи Кумита бо ин кор машғул нест, ин ҳақро ба ду ширкати ватанӣ – “Расул сохтмон” ва “Ормон” вогузоштааст. Ин вазъ пеши мусофирин ва ҳам кормандони соҳаи туризм чанд суолро халқ кардааст.

Дар навбати аввал, ба қавли мусофирин, харҷи сафари ҳаҷи умра бо миёнаравҳо 17 ҳазор сомонӣ (ҳудуди 1700 доллар) – ро ташкил мекунад, дар ҳоле ки ширкатҳои расмӣ барои ин хизмат беш аз 20 ҳазор сомонӣ мегиранд.

Кумитаи дин гуфт, миёнаравҳо пардохтҳо, аз қабили андозу дигар ӯҳдадориҳо пеши буҷаро адо накардаанд, он чиро ки мусофирон рад мекунанд.

Ширкатҳои дигари туристии Тоҷикистон мегӯянд, қонунгузорӣ дар ин бора ҳеҷ маҳдудияте барои онҳо пешбинӣ накардааст.

ҲАҶ ҳар он чизе, ки бояд донист

Корманди як ширкати туристӣ ба “Спутник” гуфт, тибқи моддаи 6 – и Қонуни Тоҷикистон дар бораи туризм, ташкили қабул ва хизматрасонии зиёрати динӣ дар қатори дигар намудҳои туризм, аз ҷумла маърифатӣ, экологӣ, туризми варзишию куҳӣ, кӯҳнавардӣ, шикори байналмилалӣ ва ғайра барои ҳама ширкатҳои туристӣ иҷоза дода шудааст.

 “Бале, ҳаққи қонунии Кумитаи дин аст, ки кадом ширкатҳоро барои ин кор эъзом мекунад. Қарори ҳукуматро дорад ва дастонаш боз аст. Аммо беҳтар мебуд, барои ҷилавгирӣ аз монополия ё инҳисор теъдоди ширкатҳое, ки бо ин кор машғул ҳастанд, бештар шавад, зеро фақат дар ҳоли бештар будани теъдоди онҳо рақобат ба вуҷуд меояд. Фақат дар ин ҳол метавон хизматрасониро беҳтар кард ва харҷи сафарро коҳиш дод”, - гуфт ҳамсӯҳбати “Sputnik”.

Бино ба иттилои дарёфтӣ, дар Тоҷикистон ҳоло ҳудуди 160 ширкати туристӣ фаъолият мекунанд.