Оғози ороста шудани арчаи солинавӣ дар майдони “Дӯстӣ”-и пойтахт

Мақомомоти шаҳри Душанбе эълон намудааст, ки дар майдони “Дӯстӣ”, дар паҳлӯи Муҷассамаи Исмоили Сомонӣ арчаи солинавӣ гузошта мешавад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 2 дек — Sputnik.  Бино бар иттилои дафтари матбуоти шаҳрдории Душанбе дар пойтахт корҳои  омодагӣ  барои таҷлили Соли нави мелодӣ оғоз гардидааст.

Дар майдони Дӯстӣ арчаи солинавӣ ороста шуд

“Бо ташаббуси Мақомоти шаҳри Душанбе  дар майдони “Дӯстӣ”,  дар паҳлӯи   Муҷассамаи Исмоили Сомонӣ  арчаи солинавӣ қомат меафрозад”,  -гуфт манбаъ. 

Ҳамзамон манбаъ зикр намудааст, ки то 10  декабр ороиши пурраи арчаи солинавӣ ба анҷом хоҳад расид.

Манбаъ қайд намуд, ки кормандони Муассисаи давлатии “Рекламаи берунӣ ва ороиши шаҳри Душанбе” айни ҳол ба ороиши арчаи машғул ҳастанд.

“Арчаи солинавии имсола аз арчаи соли гузашта 1-2 метр  баландтар  аст. Арчаи бо  муосиртарин таҷҳизоти ороишӣ  зебу зиннат дода шуда, дар он ситораи ҳафтбурҷ ва чароғакҳои светоидӣ насб мегарданд”, - таъкид намудааст шаҳрдорӣ.

Ёдрас мешавем, ки соли гузашта рӯзи 9 ноябри соли равон дар майдони Дӯстии пойтахти Тоҷикистон насб ва оростани арчаи солинавии 28-метра ба анҷом расид.

Арчаи насбшудаи соли гузашта баландтарин дар таърихи кишвар ба ҳисоб мерафт. Баландии арчаи солинавии соли гузашта 28 метр вусъаташ 13 метрро ташкил медод.