ДУШАНБЕ, 2 дек — Sputnik. Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон барои ворид намудани тағйиру иловаҳо ба “Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ” аз мутахассисони соҳа, олимон, омӯзгорон ва шаҳрвандони Тоҷикистон хоҳиш намудааст, ки фикру андешаҳои худро ба Кумитаи пешниҳод намоянд.
Ёдрас мешавем, ки қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ бо қарори Ҳукумати Тоҷикистон аз 4 октябри 2011 тасдиқ шуда буд.
Кумитаи забон зикр намудааст, ки бо мурури вақт ҳанӯз ҳам дар қоидаҳои муназзами имлои амалкунанда баъзе ҷузъиёти меъёрҳои муқарраршуда сарфи назар шуда, ҳатто дар баъзе маврид ҳолатҳои духура будани қоидаҳо ба назар мерасанд.
“Акнун имрӯз замоне фаро расидааст, ки он нуқсонҳои имло, ки монеаи рушди забони ноби тоҷикӣ гашта истодаанд, бартараф карда шаванд”, - афзудааст Кумитаи забон.
Ҳамзамон Кумитаи забон қайд намудааст, ки барои ҳарчи зудтар мувофиқ намудани технологияи муосир ба забони давлатӣ такмил додани қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ хеле муҳим мебошад.
Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон пешниҳодҳои муфиди мутахассисони соҳа, олимон, омӯзгорон ва шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба назар гирифта, онҳоро ба гурӯҳи корӣ пешниҳод хоҳад кард.