ДУШАНБЕ, 1 дек — Sputnik. Қурбон Ҳакимзода, раиси вилоят дар шаҳри Бохтар дар вазъияти тантанавӣ ба ҳар яке аз муаллифони панҷ лоиҳаи пешниҳодӣ 20 ҳазор сомонӣ, ба 11 нафар ба андозаи 10 ҳазор сомонӣ ва барои татбиқи 5 лоиҳаи дигар 8 ҳазор сомонигӣ, ҷамъ 250 ҳазор сомонӣ ва шаҳодатномаҳои ғолиби грантҳои раиси вилоятро супурд.
Дар ин бора дафтари матбуоти ҳукумати вилояти Хатлон хабар додааст.
Масъулини Раёсати кор бо занон ва оилаи вилоят, таъкид намуданд, ки ба озмуни мазкур 59 лоиҳаи тиҷоратӣ аз ҷониби бонувони соҳибкор ва ҳунарманди вилоят пешниҳод шуда буд, ки аз миёни онҳо 21 нафар ғолиб дониста шуданд.
Ёдрас мешавем, ки соли 2016 - 29 нафар, соли 2017 - 32 нафар ва дар солҳои 2018-2019 - 31 нафар занони соҳибкори хатлонӣ сазовори гранти Президенти Тоҷикистон гардиданд.
Тайи солҳои 2016-2019 84 нафар занону бонувон соҳиби гранти раиси вилояти Хатлон гардиданд, ки аксари лоиҳаҳои онҳо ба фаъолияти ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили таъсиси сехҳои чакандӯзӣ, дӯзандагӣ, атласу адрасбофӣ, гулдонбофӣ ва ғайраҳо нигаронида шуда, дастгирӣ ёфтанд.
Бино бар иттилои манбаъ, имсол ғолибони гранти раиси вилоят лоиҳаҳои “Коргоҳи хурди истеҳсоли равғани растанӣ (зағер, офтобпараст, маъсар)”, “Дӯхти либосҳои миллии тоҷикӣ бо мӯди аврупоӣ”, “Ташкил намудани фермаи хурди парандапарварӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ”, “Рушди соҳаи чорводорӣ дар ноҳияи Вахш”, “Коргоҳи дӯзандагӣ”, “Таъсиси гармхона”, “Коргоҳи дӯзандагии зардӯзӣ”, “Коргоҳи истеҳсоли тушбера”, “Таъсиси кошонаи ҳусн”, “Омӯзиши санъат ва беҳдошти хизматрасонӣ дар тарабхона ва ошхона”, “Рушди фаъолият ва мусоидат намудан ба таъсиси ҷойҳои кори иловагии Ҷамъияти нобиноён” ва ғайраро амалӣ хоҳанд кард.