Боздошти собиқ консул барои фасоди молиявӣ

Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон Эркин Сопоков, консули собиқи ин кишвар дар шаҳри Истанбулро боздошт кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 1 дек — Sputnik. Ба гузориши “Parstoday”, дар ҳамин замина дар Туркия парвандаи қазоӣ марбут ба фасоди молӣ ва сӯиистифода аз ихтиёрот бар алайҳи Сопоков ташкил шудааст.

Боздошти мақомдорони Вазоратҳои адлия ва маориф бо ҷурми даст задан ба фасод

Дар ҳоли ҳозир вай дар боздошти муваққати Кумитаи амнияти миллӣ қарор дорад ва таҳқиқот дар ин замина идома дорад.

Ин боздошт дар ҳоле аст, ки дар маҳалли қатли Аеркена Саймаити, тоҷири уйғуртабори чинӣ, ки чанде пеш дар шаҳри Истанбули Туркия ба қатл расид, мошине бо шумораи дафтари консулгарии Қирғизистон қарор дошт.

Вазорати умури хориҷа таъйид кард, ки Сопокоф ба таври ғайриқонунӣ мошини худро дар ихтиёри Саймаити қарор дод ва консули қирқиз дар Истанбул пас аз ин мавзуъ барканор шуд.