ДУШАНБЕ, 1 дек — Sputnik. Дар Тоҷикистон болоравии нархи гази моеъ ба қайд гирифта шуд.
Ҳамин тавр нархи ҳар як летр гози моеъ, ки дар аввалҳои моҳи ноябр 3 сомонӣ ва 30 дирам буд, акнун ба 3 сомонӣ ва 80 дирам расидааст,
Манбаъ зикр намудааст, ки фурушандагони гози моеъ иллати аслии афзоиши нархи ин навъ сӯзишворӣ дар Тоҷикистон афзоиши нархи он дар кишвари содиркунанда-Қазоқистон- мебошад.
Тавре қаблан Вазорати энержии Қазоқистон дар моҳи сентябри соли равон нархи як тонна гози моеъро бидуни эҳтисоби андоз 100 доллар таин кард, ки ширкатҳои тавлидкунанда ва содиркунандагони ин навъи сӯзишворӣ ин шохисро поин медонанд.
Аммо кормандони Хадамоти давлатии зидди инҳисории Тоҷикистон, ки масъулияти назорат бар нархҳо дар ин кишварро бар уҳда доранд мегуянд, ба далели набуди ширкатҳои бузурги воридкунандаи ин навъи сӯзишворӣ наметавонанд дар ин замина мудохила кунанд; чаро ки бар асоси қавонини тиҷории Тоҷикистон ширкатҳое, ки саҳми онон дар бозори воридоти сӯзишворӣ ба ин кишвар 35 дарсад бошад, метавонанд аз онон дар мавриди афзоиши нархҳо тавзеҳ бихоҳанд. Дар ҳоле, ки дар Тоҷикистон даҳҳо ширкат машғули ворид кардани гози моеъ мебошанд ва ҳеҷ як саҳми қобили мулоҳизае дар ин замина надоранд.
Ин дар ҳолест, ки 60 дарсад аз нақлиёти давлатӣ ва шахсӣ дар Тоҷикистон ба далели гарон будани нархи бензин аз гози моеъ истифода мекунанд.
Дар соли 2018 ба Тоҷикистон 380 ҳазору 700 тонна гози моеъ ворид кардаанд, ки наздик ба 290 ҳазор тоннаи онро Қазоқистон содир кардааст.