Таъсиси 73 корхона дар 10 моҳ: 103 дар нақша

Ҳукумати вилояти Хатлон аз афзоиши сармоягузории Фонди дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати Тоҷикистон гузориш додаст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 30 ноя — Sputnik. Соҳибкорони вилояти Хатлон бо истифода аз сабукиҳо ва имтиёзҳои фароҳамовардаи Ҳукумати мамлакат дар тӯли даҳ моҳи соли 2019 ба маблағи 437,7 миллион сомонӣ 93 лоиҳаи қарзиро таҳия ва барои гирифтани сармоягузорӣ ба Муассисаи давлатии “Фонди дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон” пешниҳод карданд.

Tcell бо миллион доллар таҷҳизоти тавлиди Узбакистон мехарад

Тибқи иттилои ҳукумати Хатлон, аз аввали фаъолияти муассисаи давлатии мазкур то кунун 69 лоиҳаи соҳибкорони хатлонӣ ба маблағи 89,9 миллион сомонӣ дастгирӣ ёфтаанд.

Манбаъ афзуд, саноатчиёни вилоят низ дар натиҷаи мувофиқи мақсад ба роҳ мондани фаъолият тавонистанд ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатиро ба 6 миллиарду 687,6 миллион сомонӣ расонанд, ки ин нисбат ба давраи ҳамин давраи соли 2018-ум 710,8 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

“Дар ҷараёни афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ истихроҷи нафт ва гази табиӣ, ҳар гуна канданиҳои фоиданок, истеҳсоли маводи ғизоӣ, нӯшокиҳои ташнашикан ва спиртӣ, маҳсулоти дӯзандагӣ, кимиёӣ, резинӣ, пластмассӣ, ғайрифилизии маъданӣ, мебел, неруи барқ, коркарди чӯбу тахта ва маснуоти чӯбин ва чанд намунаи дигар мутаносибан аз 101 то 158 дарсади нақша иҷро шуданд”,- омадааст дар иттилоияи ҳукумати Хатлон.   

Ба иттилои манбаъ, ҳоло дар вилоят 90 номгӯйи маҳсулоти саноатӣ истеҳсол мешавад.Инчунин бо мақсади таҷлили бошукуҳи 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ бунёди 103 коргоҳу корхонаи нави саноатӣ ба нақша гирифта шуда, дар давраи ҳисоботӣ 73 корхонаю коргоҳ бо таъсиси 765 ҷойи кори нав мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудаанд.