Раиси нави Шӯрои ВАО Тоҷикистон кист?

Бахтиёр Ҳамдамов, сармуҳаррири ҳафтаномаи “Минбари халқ”, нашрияи Ҳизби ҳокими халқии демократии Тоҷикистон, ки раиси нави Шӯрои ВАО-и кишвар интихоб гардид, 51 сол дошта, муаллифи силсилаи мақолаҳо ва китобҳои илмиву публисистӣ мебошад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 30 ноя — Sputnik. БахтиёрҲамдамов, адабиётшинос ва рӯзноманигор, номзади илмҳои филология 2-юми январи соли 1968 дар деҳаи Сӯфи-Орифи шаҳри Истаравшан таваллуд шудааст.

Ҳамсари Маҳмадалӣ Ҳаит барои шиканҷаи шавҳараш ба ваколатдори ҳуқуқи инсон шикоят кард

Бар асоси ҳолномаи Ҳамдамов, ки хабаргузории “Ховар” нашр кардааст, ӯ соли 1992 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуровро хатм карда, солҳои 1987-1989 дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ адои хидмат намудааст.

Аз соли 1992 то соли 1993 ба ҳайси сармутахассиси Бунёди забони тоҷикӣ фаълоият  дошт.  Солҳои  1993 — 1996 дар аспирантураи ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров таҳсил карда, соли 1997 дар мавзӯи  “Падидаҳои маънавӣ ва ҳунарӣ дар ашъори Бедил” рисолаи номзадӣ  дифоъ  намудааст. Солҳои 1997 — 2002 ба ҳайси устоди кафедраи адабиёти классикии факултети филологияи тоҷики ДДХ, сармутахассиси Идораи кор бо ҷавонони вилояти Суғд, муовини раиси Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва ҳамзамон мухбири махсуси ҳафтаномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” фаъолият кардааст.

Интернет арзон, сайтҳо кушода ва “квота” ба Узбакистон: 13 пешниҳод ба Ҳукумат

Солҳои 2002-2006  Б. Ҳамдамов дар вазифаи сармутахассиси Шӯъба оид ба масъалаҳои ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамзамон ҳамоҳангсози Комиссияи миллии Ҳифзи ҳуқуқи кӯдак, солҳои 2006-2008 дар вазифаи муовини Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият кардааст. Аз соли 2008 инҷониб  ба ҳайси сармуҳаррири ҳафтаномаи “Минбари халқ”  ифои вазифа мекунад.

Бо медали ҷашнии “20 солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон” ва унвони фахрии “Корманди шоистаи Тоҷикистон” сарфароз гардонида шудааст.

Шӯрои ВАО дар бораи қиматшавии интернет, мудирияти нодурусти соҳа ва пайомадҳои он

Ҳамдамов дар мақоми раиси Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон Шаҳло Акобироваро иваз кард, ки муҳлати фаъолияташ дар ин симат анҷом ёфт. Як кас ҳақ дорад ба ин мақом ду бор ба муҳлати яксолӣ интихоб шавад.

Шӯрои ВАО иттиҳоди ҷамъиятиест, ки созмонҳои журналистӣ ва идораҳои ВАО-и Тоҷикистон онро таъсис доданд. Нахустин ҷаласаи Шӯро расо 10 соли қабл, моҳи ноябри соли 2009 баргузор шуда буд.

То ҳол Шӯрои мазкурро Иброҳим Усмонов, Зиннатуллоҳ Исмоилов, Қироншоҳ Шарифзода, Нуриддин Қаршибоев, Хуршед Атовулло ва Шаҳло Акобирова роҳбарӣ карда буданд.