Пешгӯии дақиқи ҳавошиносон барои имрӯз

Ожонсии обуҳавошиносии Тоҷикистон мегӯяд, имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйрёбандаи бебориш дар назар аст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 30 ноя — Sputnik. Ба иттилои Ожонс, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбандаи   бебориш мешавад.  Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 6-11 дараҷа хунук ва  рӯзона   аз 2-7  дараҷа  гарм мешавад. Дар  шарқи вилоят  ҳаво шабона 20-25, дар баъзе ноҳияҳо то 30-35 дараҷа хунук ва рӯзона  аз 3-8 то 7-12 дараҷа хунук мешавад, хабар медиҳад "Ховар" аз қавли Ожонс.

Ҳаво дар вилояти Суғд камабр ва дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбандаи бебориш мешавад. Дар  ноҳияҳо туман мефарояд.  Шамол аз самти  шарқ бо суръати 3-8 ва дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддати то 10-15 метр дар як  сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм  ва рӯзона 5+10 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 7-12 дараҷа хунук  ва   рӯзона    1+6 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳавои камабр ва  тағйирёбандаи бебориш дар назар аст.  Дар  ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 0+5 ва рӯзона 11+16  дараҷа гарм мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм   ва рӯзона 8+13 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбанда мешавад. Дар  ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8  метр дар як сония  мевазад.  Ҳаво  дар водиҳо  шабона аз 3 дараҷа хунук то 2  дараҷа гарм ва рӯзона 10+15  дараҷа гарм мешавад. Дар  ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 2-7 дараҷа хунук шуда, рӯзона 5+10 дараҷа гарм мешавад.

Дар  шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш шуда, туман  мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8  метр дар як сония   мевазад.  Ҳаво шабона 0-2 дараҷа хунук  ва  рӯзона 12+14 дараҷа гарм мешавад.