Нархи оби нушокӣ дар Хуҷанд боло бурда шуд

 Сар аз аволи моҳи декабри соли ҷорӣ дар шаҳри Хуҷанд нархи оби нушокӣ ба андозаи 20 % боло бурда мешавад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 30 ноя — Sputnik. Дар шаҳри Хуҷанд нархи оби нушокӣ ба андозаи 20 % боло бурда шудааст.

Тибқи нархномаи нав, ки онро КВДК "Хуҷанобукана" тасдиқ кардааст, сар аз пагоҳ якуми декабр қиммати 1 куб (1 м3) оби нушокӣ, барои аҳолӣ ба 1 сомонию 20 дирам ва ҳаққи хизматрасонии ташноб 0, 80 дирам расонида шудааст.

То ин муддат, арзиши 1 куб оби истифодашуда, барои аҳолӣ 1 сомонӣ ва арзиши хизматрасонии 1 куб хатти ташноб (канализация) 0, 60 дирам муқаррар шуда буд.

Қарори Рустами Эмомалӣ барои болобарии нархи об дар Душанбе

Ба ҳамин тартиб қиммати оби нушокӣ барои ташкилотҳои буҷҷавӣ низ боло бурда шудааст.

Хабаргузории  SugdNews аз қавли масъулини КВДК "Хуҷандобуканал" дар шаҳри Хуҷанд хабар медиҳад, ки  сабаби 20 % боло бурдани арзиши хизматрасонии ин корхона, аз гарон шудани нархи нерӯи барқ будааст.