Бо фармони Эмомалӣ Раҳмон: судяи шаҳри Душанбе аз вазифа озод шуд

Бо фармони раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон судяи суди шаҳри Душанбе аз вазифа озод карда шуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 30 ноя — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури Тоҷикистон имрӯз бо судури як фармон судяи суди шаҳри Душанберо аз вазифа озод намуд.

“Судяҳои коррупсионер”: 24 мард, 1 зан... дар даҳ сол

Бино ба иттилои котиботи раисҷумҳури Тоҷикистон, Абдуллозода Гулнисо аз мақоми судяи суди шаҳри Душанбе барканор карда шуд.

Манбаъ меафзояд, Абдуллозода Гулнисо аз вазифаи судяи суди шаҳри Душанбе бо сабаби расидан ба синни ниҳоии дар вазифаи судя будан, озод гардид.

Савганди судяҳои пешниҳодкардаи Президенту даъвати Убайдуллоев аз онҳо

Ёдовар мешавем, ки Эмомалӣ Раҳмон чанде қабл зимни мулоқот бо кормандони мақомоти судӣ аз фаъолият ва сатҳи дониши пасти судяҳо изҳори нигаронӣ кард.

Ба гуфтаи вай, танҳо дар нуҳ моҳи соли равон ба Суди Олӣ 190 шикоят  44 арзу шикоят ба Дастгоҳи иҷроияи Президент доир ба амалҳои судяҳо, аз ҷумла 58 шикоят дар хусуси ба кашолкорӣ роҳ додан ҳангоми баррасии парвандаҳо ва 7 шикоят оид ба иҷро нагардидани санадҳои судӣ ва 125 шикоят доир ба беамалии судяҳо ворид гардидааст.

“Ҳангоми санҷиш қисме аз ин шикоятҳо тасдиқ шудаанд. Чунин шикоятҳо нисбат ба судяҳои судҳои иқтисодӣ низ мавҷуданд”, - гуфт Эмомалӣ Раҳмон.

Раисҷумҳур таъкид намуда буд, ки раисони Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодӣ бояд барои баланд бардоштани касбияти судяҳо чораҳои ҷиддӣ андешида, ҳангоми интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳо шахсияти онҳоро ҳаматарафа омӯхта, дар баробари донишу таҷриба, инчунин, одобу ахлоқ, масъулиятшиносӣ ва ҷаҳонбинии онҳоро низ ба эътибор бигиранд.