Ғӯтавар дар ғам: Зуҳуров гуфт, фасодкорон осуда зиндагӣ намекунанд

Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон аз вакилону вазирони тоҷик даъват кард, ки ба пули буҷа ҳарисона нигоҳ накунанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 29 ноя — Sputnik. Зуҳуров ҳафтаи гузашта зимни баррасии буҷаи соли оянда изҳор дошт, ки мо аз фасод озод нашудаем ва дар хитоб ба ҳозирин афзуд, "биёед, аз ҳамин фасод озод шавем".

"Моҳҳо фикр мекунам": Раҳмон гуфт, роҳи халосии мардум аз азияти порахӯрҳоро меҷӯяд

Ӯ гуфт, вақте гузоришҳои пешниҳодшударо аз назар мегузаронад, он ҷо камбудию дуздии маблағу воситаҳоро мебинад.

Раиси Маҷлиси намояндагон таъкид намуд, ки шахси фасодкор ҳеч гоҳ зиндагии осуда дошта наметавонад.

"Оё шахси олуда ба фасод осуда зиндагӣ мекунад? Не, зеро вай ба ғам ғӯтавар шуда, доимо дар андеша аст", - афзуд Зуҳуров.

Ӯ зикр намуд, ки аз соли 1990 дар вазифаҳои гуногуни Ҳукумат кор кардаст ва тамоми нозукиҳои вазорату идораҳо ва онро, ки дар куҷо, кӣ, чӣ гуна нафас мекашад, медонад.

Боздошти сардори шӯъбаи БДА ва муовини ӯ: талаби 5 ҳазор сомонӣ аз ронандаи маст

Раиси Маҷлиси намояндагон аз мақомдорон даъват кард, ки ба маблағҳои буҷаи давлат, ки бо заҳмат ба даст меояд,  ҳарисона нигоҳ накунанд ва хотиррасон, намуд, ки “мову шумо, хоҳ вазиру хоҳ вакил, барои халқ кор мекунем, зеро онҳо моро интихоб кардаанд”.