Макони ишқварзӣ ба ивази 150 сомонӣ дар Душанбе: ноболиғ миёни мизоҷон

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, маъмурини милиса дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе зани 32-соларо бо гумони ташкил ва нигаҳдошти фоҳишахона дастгир карданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 29 ноя — Sputnik. Тибқи иттилои ВУД, зани мазкур, баъди зуҳри 27 ноябр ба ивази маблағ ба хонааш ҷуфтеро барои ишқварзӣ роҳ додааст, ки якеашон ноболиғ будааст.

Тоҷикистон ҷазо барои ташкили фоҳишахонаҳоро сангинтар кард

“Зани мазкур рӯзи 27-уми ноябри соли 2019, тахминан соати 16:00 дар хонаи истиқоматиаш бар ивази 150 сомонӣ маблағи пулӣ, ба марди 23-солаи сокини шаҳри Душанбе ва зани 17-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ, барои алоқаи ҷинсӣ намудан шароит муҳайё кардааст”, - хабар дод ВУД.

Ба иттилои манбаъ, ҳолати аввали ташкили фоҳишахона моҳи сентябри соли равон рух додаст. Муттаҳам 28-уми сентябр, тахминан соати 11:30-дақиқа, дар хонаи истиқоматиаш бар ивази 150 сомонӣ маблағи пулӣ, барои алоқаи ҷинсии марди 19-солаи сокини шаҳри Ваҳдат ва зани 25-солаи сокини ноҳияи Фархор шароит муҳайё намудааст.

“Инчунин, номбурда санаи 21-уми ноябри соли 2019, тахминан соати 10:00, дар хонаи истиқоматиаш, бар ивази 150 сомонӣ ба марди 32-солаи сокини шаҳри Ваҳдат ва зани 25-солаи сокини пойтахт, барои алоқаи ҷинсӣ намудан шароит муҳайё намудааст”, - омадааст дар иттилоияи ВУД.

Мақомоти умури дохилӣ мегӯянд, феълан аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.