Бо қарори Рустам: дар Душанбе таваққуфгоҳҳои 6 қабата сохта мешаванд

Шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ роҳи ҳалли тамбашавии нақлиёт дар роҳҳои пойтахтро дар сохтмони таваққуфгоҳҳои замонавӣ мебинад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 29 ноя — Sputnik. Бо супориши раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Душанбе лоиҳаи муосири  таваққуфгоҳҳои бисёрсатҳаро  таҳия намудааст. иттилоъ медиҳад агентии "Ховар".

Дар маркази Душанбе шаҳраки нав ба истифода дода мешавад

Бар хабари манбаъ,  дар навбати аввал таваққуфгоҳҳои бисёрсатҳа дар кӯчаю хиёбонҳои сермошини пойтахт сохта мешаванд.

Мақсад аз бунёди  ин таваққуфгоҳҳои муосир таъмини ҳаракати мунтазами воситаҳои нақлиёт, бехатарии пиёдагардон, бартараф намудани танбашавии роҳҳои мошингарди пойтахт ва пешгирӣ аз  таваққуфи мошинҳо дар ҷойҳои  муқаррарнашуда мебошад.

Бо қарори Рустам: Эмомалӣ Раҳмон ба сохтмони меҳмонхонаи Ҷунайдулло Азизов оғоз бахшид

Тибқи иттилои манбаъ,  айни ҳол дар шаҳри Душанбе  бо истифода аз таҷрибаи шаҳрҳои пешрафта  сохтмони  намунавии чунин таваққуфгоҳҳо, ки  фаъолияти онҳо  ба таври худкор  ба роҳ монда шудааст, оғоз гардидааст.

Тибқи ин лоиҳа, дар шаҳри Душанбе бунёди  таваққуфгоҳҳои  то 6-сатҳа  барои  нигоҳдории нақлиёт ба нақша гирифта шудааст.