Ҷашнҳои рӯзи 28 ноябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Рӯзи бисту ҳаштуми ноябр, дар Албания Рӯзи Истиқлолият ва ҳамзамон Рӯзи парчам ва дар Мавритания низ аз Рӯзи истиқлолияти давлатӣ ҷашн гирифта мешавад
Sputnik

Рӯзи 28 ноябр дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1821 Панама аз Испания истиқлолият ба даст овард.

Ҷашнҳои рӯзи 27 ноябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Соли 1950  "План Коломбо" — ташкилоти байналмилалӣ оид ба кумак расонидан дар рушди иқтисодиёти кишварҳои Осиё ва Уқёнуси ором таъсис дода шуд.

Соли 1994 дар Норвегия дуюмин маротиба барои шомил шудани кишвараш ба Иттиҳоди Аврупо раъйпурсӣ гузаронида шуда буд, ки аксарияти интихобкунандагон узвият ба Иттиҳоди Аврупоро рад карданд.

Соли 2016 дар натиҷаи садамаи ҳавопаймо қисми зиёди аъзои дастаи футболи Бразилия "Шапекоэнсе" ба ҳалокат расиданд.

Рӯзи 28 ноябр дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 1947  аввалин шумораи  рӯзномаи "Хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон"  нашр шуд.

Соли 2007 Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Муассисаи давлатии "Осорхона-мамнӯъгоҳи ҷумҳуриявии Данғара" қабул гардид.

Соли 2010 дар ноҳияи Данғара маросими ботантанаи оғози бунёди сарбанди Неругоҳи барқи обии "Сангтўда-2" баргузор гардид.

Ҷашнҳои рӯзи 28 ноябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Соли 2012 раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба рӯйхати 500 мусулмони бонуфузтарини олам, ки Маркази шоҳигарии тадқиқоти стратегии исломии Аммон бо дастгирии Маркази ҳамдигарфаҳмии мусалмонону масеҳиёни Ҷорҷтаун тартиб дода мешавад, шомил шуданд.

Соли 2012 дар шаҳри Душанбе гуфтушуниди байниҳукуматии Тоҷикистону Германия оид ба масъалаи ҳамкории иқтисодӣ-техникӣ баргузор гардид.

Соли 2016 дар Венгрия раисҷумҳуриТоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун роҳбари давлати ташаббускори бузург дар масоили байналмилалии марбут ба об дар Саммити оби Будапешт суханронӣ карданд.

Ҷашнҳои рӯзи 28 ноябр

  • Дар Албания – Рӯзи истиқлолият (ҳамчунин чун Рӯзи парчам машҳур аст).
  • Дар Мавритания –Рӯзи истиқлолият.

Рӯзи 28 ноябр дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст

Соли 1936 –Ҳунарманди хизматнишондодаи Тоҷикистон  Дилбар Қосимова.

Соли 1962 – рӯзноманигор, дорандаи ҷоизаи ба номи А.Лоҳутӣ, муассиси Медиа-холдинг "Азия-Плюс"  Умед Бобохонов.