ДУШАНБЕ, 28 ноя — Sputnik. Қаблан дар муассисаҳои ислоҳии Тоҷикистон, ноболиғонро ҳамроҳ бо калонсолони ба ҷинояти сабук дастдошта, якҷо нигоҳ медоштанд.
Акнун парлумони Тоҷикистон бо ворид намудани тағйирот ба тартиби нигаҳдории маҳбусон, ноболиғонро аз маҳкумшудаҳои бузургсол ҷудо намудааст.
Минбаъд дар як ҳуҷраи боздоштгоҳҳои муваққатӣ ва тафтишотӣ нигоҳ доштани ноболиғон ва калонсолон, ки дар содир кардани ҷиноятҳо гумонбар дониста шудаанд, манъ мешавад.
Дар ҷаласаи имрӯзаи палатаи поёнии парлумон вакил Мавлуда Мирзозода изҳор кард, ки дар тағйирот ҳамчунин пешбинӣ шудааст, ки агар нисбати ноболиғи боздоштшуда аз шиканҷа истифода шуда бошад, ӯ метавонад ба раҳбарияти боздоштгоҳи муваққатӣ ё тафтишотӣ дар ин бора шикоят кунад.
Қаблан Вазорати адлияи тоҷикистон хабар дода буд, ки зиндониёни "Террорист"- ро аз дигар маҳбусон алоҳида нигоҳ медоранд.
Мансурҷон Умаров сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлия гуфта буд, ки чунин маҳбусонро дар алоҳидагӣ аз дигарон таълим додан ва нигоҳ доштан осонтар аст, зеро онҳо манбаи асосии таблиғи ғояҳои экстремистӣ мебошанд.
"Ташкил додани чунин утоқҳо барои пешгирӣ аз куштор ва паҳн шудани ғояҳои ифротгароӣ дар байни маҳбусон мусоидат мекунад" гуфт ӯ.
Инчунин, ба гуфтаи Умаров, утоқи махсуси алоҳида имкон медиҳад, ки назорати категорияи ин маҳбусон беҳтар карда шавад ва ҳамзамон аз кӯшиши тазоҳурот ва фирори онҳо саривақт пешгирӣ гардад.