ДУШАНБЕ, 27 ноя — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистони Эмомалӣ раҳмон дар фурудгоҳи "Манас" - и Қирғизистон фуруд омад, хабар медиҳад дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон.
Бар хабари манбаъ, роҳбари давлатро дар дар фурудгоҳи байналмилалии "Манас" сарвазири Қирғизистон Муҳаммадкалӣ Абилғозиев пешвоз гирифт.
Ҳамзамон сарвари давлатро бо бурсоқ зиёфат намуданд.
Қобили зикр аст, ки Эмомалӣ Раҳмон ба хотири иштирок дар иҷлосияи навбатии Шӯрои амнияти дастаҷамъии СПАД вориди шаҳри Бишкек шуд.
Манбаъ меафзояд, роҳбари давлатро дар ин сафар муовини сарвазири Тоҷикистон, вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчии президенти оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, вазири мудофиа, котиби Шӯрои амнияти Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.
Жээнбеков раисҷумҳури Қазоқистонро дар фурудгоҳ пешвоз гирифт - навор
Зимнан, раисиҷумҳури Тоҷикистон, баъди мулоқоти сарони кишварҳои узви Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ дар Бишкек озими шаҳри Тошканд хоҳад шуд
Рӯзи 29 ноябр дар Тошканд нишасти машваратии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла мулоқоти раисиҷумҳури Тоҷикистон бо Шавкат Мирзиёев дар назар аст.
Андрей Грозин, раҳбари шӯъбаи Осиёи Марказии Пажуҳишгоҳи ИДМ дар мавриди мавзӯи мулоқоти роҳбарони кишварҳои минтақа дар Тошканд, изҳор дошт, ки сирф масъалаҳои дохилиро баррасӣ хоҳанд кард.