ДУШАНБЕ, 27 ноя — Sputnik. Раҳмон дар Бишкек бо президентҳои Русия – Владимир Путин, Қазоқистон – Қосим - Жомарт Тоқаев, Белорусия – Александр Лукашенко, Қирғизистон – Сооронбой Жээнбеков ва сарвазири Арманистон, Никол Пашинян ҳудуди 20 масъала, аз ҷумла ҳифзи марзи Тоҷикистон бо Афғонистонро баррасӣ мекунад.
Яке аз мавзӯъҳои меҳварии мулоқот таҳкими ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон мебошад, хабар додааст котиботи СААД.
Дар пайи ин мулоқот Эмомалӣ Раҳмон озими шаҳри Тошканд мешавад. Рӯзи 29 ноябр дар Тошканд нишасти машваратии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла мулоқоти раисиҷумҳури Тоҷикистон бо Шавкат Мирзиёев дар назар аст.
Андрей Грозин, раҳбари шӯъбаи Осиёи Марказии Пажуҳишгоҳи ИДМ дар мавриди мавзӯи мулоқоти роҳбарони кишварҳои минтақа дар Тошканд, изҳор дошт, ки сирф масъалаҳои дохилиро баррасӣ хоҳанд кард.
Ҳукумати Суғд дар зодгоҳи аҷдодии Шавкат Мирзиёев - Яхтан кӯдакистони дӯстӣ месозад
“Амният аз масъалаҳои доимӣ аст ва ҳаводиси ахир дар Тоҷикистон ин мавзуъро боз мубрамтар кард. Дар нишаст масъалаҳои рӯз ва "сирф дохилӣ" аз қабили истифодаи об, масоили марзӣ, содирот ва ғайра баррасӣ мешаванд", - гуфт коршинос.
Грозин ҳамчунин пешгӯӣ кард, ки сарони давлатҳо масоили иқтисодиро низ баррасӣ хоҳанд кард, ки бештар бо ташаббуси Узбакистон сурат хоҳад гирифт. Ӯ инчунин муколамаи Тошканд ва Душанберо дар масоили марз дар қисматҳои баҳсӣ намунаи ибрат хонд.