СММ аз Тоҷикистон дархост кардааст, ки ба шиканҷашудагон ҷубронпулӣ пардохт намояд

Кумитаи дифоъ аз ҳуқуқи башари Созмони Миллали Муттаҳид аз ҳукумати Тоҷикистон дархост кардааст, ки ба ду нафар аз шаҳрвандони ин кишвар, ки бедалел шиканҷа шудаанд, ҷубронпулӣ бипардозад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 26 ноя — Sputnik. Ба гузориши хабаргузории “Parstoday”, ин кумита эълом кардааст, ки нируҳои полиси Тоҷикистон дар вилояти Суғд бидуни далел Илҳом Усмонов ва ҳамсараш Зарина Наҷмуддиноваро ба иттиҳоми даст доштан дар ҳамла ба идораи полиси шаҳри Хуҷанд дар соли 2010 боздошт ва шиканҷа кардаанд.

Баррасии ҳамкориҳои Тоҷикистону СММ барои мубориза бо маводи мухаддир

 Коршиносони кумитаи дифоъ аз ҳуқуқи башари Созмони Миллали Муттаҳид бо баррасии  шикоятномаи ин зану шавҳар ба ин натиҷа расидаанд, ки нируҳои полиси Тоҷикистон бедалел иқдом ба боздошт, шиканҷа ва ворид кардани фишори рӯҳӣ- равонӣ ба ин оила кардаанд, ки намунаи поймолсозии ҳуқуқи башар ва уҳдадориҳои байналмиллалии ин кишвар аст.

Мақомоти Тоҷикистон дар посух ба ин дархост гуфтаанд, ки ду афсари полиси ин кишвар, ки дар шиканҷаи Илҳом Усмонов ва Зарина Наҷмуддинова даст доштаанд, муҷозот шудаанд; Ин дар ҳоле аст, ки мушаххас нест, ки муҷозоти ин ду афсари гуноҳкор чӣ будааст.

Дар ҳодисаи ҳамлаи маргталабонаи як шахс бо худрави дорои маводи тарканда ба идораи полиси шаҳр Хуҷанд дар рӯзи 3 сентябри соли 2010 , чаҳор ғайринизомӣ ва се маъмури полис кушта ва 26 тан низ захмӣ шуданд, ки 5 нафари онон раҳгузар будаанд.

Дар пайи ин ҳодиса Илҳом Усмонов боздошт ва ба иттиҳоми мушорикат дар ҳамла ба идораи полиси шаҳри Хуҷанд ба 8 сол зиндон маҳкум шуд ва зани вай низ таҳти фишори шадиди равонӣ қарор гирифт.

Баъдҳо маълум шуд онон ҳеҷ иртиботе бо ин ҳодиса надоштаанд.