Шӯрои Маҷлиси намояндагон адолати додситонӣ нисбат ба кӯдаконро баррасӣ кард

Дар  ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагон адолати додситонӣ нисбат ба кӯдакон ва як зумра масъалаҳои дигар баррасӣ ва аз рӯи онҳо қарори дахлдор қабул гардидааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 25 ноя — Sputnik. Имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагон  баргузор гардид, иттилоъ додааст агентии хабарии “Ховар”.

Шӯрои Маҷлиси намояндагон бунёди пули нав ба Афғонистонро тасвиб кард

Манбаъ афзудааст, ки аъзои Шӯро лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тартиб ва шароити дар ҳабс нигоҳ доштани гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда” -ро мавриди муҳокима қарор доданд.

Зикр гардидааст, ки лоиҳаи Қонуни мазкур дар асоси банди 8 нақшаи амалҳо оид ба иҷрои барномаи ислоҳоти низоми адолати судӣ нисбат ба кўдакон барои солҳои 2017-2021 ва ба хотири ба меъёру стандартҳои байналмилалӣ мутобиқ намудани қонунгузорӣ ва амалия дар соҳаи адолати судӣ нисбат ба кўдакон таҳия гардидааст.

Гуфта мешавад, ки лоиҳа бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

Ёдовар мешавем, ки дар ҷаласаи Шӯро як зумра масъалаҳои дигар баррасӣ ва аз рӯи онҳо қарори дахлдор қабул гардиданд.