Tcell бо миллион доллар таҷҳизоти тавлиди Узбакистон мехарад

Ширкати “Индиго Тоҷикистон”, ки зери тамғаи Tcell фаъолият мекунад, барои хариди таҷҳизоти тавлиди Узбакистон ба маблағи 1 миллион доллари амрикоӣ созишнома бастааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 24 ноя — Sputnik. Ширкати “Узбектелеком” хабар додааст, зимни мулоқот бо намояндагони Tcell, таҳти роҳбарии Озодхон Давлатшоев, созишнома барои хариди дастгоҳҳои истеҳсоли ширкати “Telecom Devices Pro” имзо шуд.

Tcell масдудияти шабакаҳои иҷтимоиро тасдиқ кард: ташаккур барои сабурӣ

Корхонаи “Telecom Devices Pro” дар минтақаи озоди иқтисодии “Навоӣ” соли 2012-ум фаъол шуда, “Узбектелеком” аз саҳмдорони он мебошад, омадааст дар иттилоия.

Самти асосии фаъолияти корхона, тавлиди дастгоҳҳои телекомуникатсионӣ, барқӣ ва пластмасӣ арзёбӣ шудааст.

“Узбектелеком” таъкид намудаст, ки минбаъд бархе аз эҳтиёҷоти ширкати Tcell, калонтарин ширкати мобилии Тоҷикистон низ аз ҳисоби таҷҳизоти тавлиди Узбакистон таъмин мешаванд.

Додугирифт миёни Тоҷикистону Узбакистон баъди сари қудрат омадани Шавкат Мирзиёев вусъат гирифт, ки густариши муносибатҳо бо ҳамсояҳоро аз самтҳои афзалиятдори сиёсати худ қарор додаст.