ДУШАНБЕ, 24 ноя — Sputnik. Аз ибтидои имсол то поёни моҳи октябр 464 ҳазор нафар аз муҳоҷирон сабтнашуда ва бидуни мадорики ҳувиятии Афғонистон аз кишварҳои ҳамсояи Эрон ва Покистон ва ҳамчунин Туркия ва Иттиҳодияи Аврупо ба кишвари худ бозгаштаанд, иттилоъ додааст хабаргузории “Parstoday”.
Созмони байналмиллалии муҳоҷират вобаста ба Созмони Миллал дар гузориши худ баровард кардааст, ки ҳудуди ду миллион шаҳрванди Афғонистон дар Эрон зиндагӣ мекунанд.
Бар асоси гузориши ин созмони мустақар дар Женева илова бар ин теъдоди 15 ҳазору 500 муҳоҷир низ аз ибтидои соли равон то поёни моҳи гузаштаи милодӣ аз Покистон ба Афғонистон бозгаштаанд.
Бароварди ниҳоди тахассусии муҳоҷират вобаста ба Созмони Миллал ҳокӣ аст, ки 1.3 миллион нафар муҳоҷири афғон сабт шуда ва беш аз як миллион нафар низ бидуни ҳувияти расмӣ ва сабтнашуда дар Покистон зиндагӣ мекунанд.
Бекории боло, иқтисоди заиф ва вазъияти номуносиби амниятӣ дар Афғонистон дар ҳудуди ду даҳаи ахир дар асари ҳамлаи низомии эътилофи ғарб таҳти раҳбарии Амрико ва ҳузур ва фаолияти гуруҳҳои террористӣ дар ин кишвар сабаби муҳоҷирати садҳо ҳазор нафар аз мардуми Афғонистон ба кишвраҳои ҳамсоя ва дигар кишварҳои ҷаҳон шудааст.