Ҳушдори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда: “Бо кӯдакон ҳарф занед!”

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон ба шаҳрвандон ҳушдор медиҳад, ки дар ҳолати баста шудани дари оҳанини хона кӯдаконро танҳо нагузоранд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 23 ноя — Sputnik. Умеда Юсупова, сухангӯи ин Кумита бо пахши як иттилоия хабар додааст, ки ҳаводиси баста шудани дарҳои оҳанин дар шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон ва дар пайи он пеш омадани мушкилоти равонӣ барои тифлони дар дохил ҳузурдошта, афзудааст.

“Ҳамарӯза наҷотдиҳандагони Гуруҳи вижаи зудамали Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи шаҳри Душанбе кӯмакҳои мухталифро ба сокинон ва меҳмонони пойтахт, аз ҷумла наҷоти афроди ғарқшуда, ироаи кӯмаки аввалияи тиббӣ ва боз кардани дарҳои бастаи манзили сокинонро анҷом медиҳанд, аммо мавриди охир бештар иттифоқ меафтад”, - мегӯяд Умеда Юсупова.

Бино ба иттилои ӯ, тайи рӯзи гузашта ин Гурӯҳи наҷот чаҳор бор ба манотиқи мухталифи шаҳри Душанбе барои боз кардани қуфли дарҳои оҳанин берун рафтаанд. Вай афзуд, ин гурӯҳ бо расидани сареъ ба маҳал ва истифода аз абзорҳои вежа, дари вурудии чаҳор хонаро боз карданд, ки дар яке аз онҳо кӯдакони хурдсол дар монда буданд.

Ҳушдори КҲФ аз якбора сард шудани ҳаво аз 1-уми ноябр: Кумита гуфт, чӣ кор бояд кард

“Ҳамчунин ин гуруҳ ду нафарро аз як лифти қуфлшуда берун кашиданд”, - афзуд сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон.

Шӯҳрат Сафаров, фармондеҳи Гурӯҳи наҷоти шаҳри Душанбе далоили дарҳам баста шудани дарҳои оҳании хонаи сокинони пойтахтро мутафовит арзёбӣ карда, мегӯяд, аслан ин вазъ аз бетаваҷҷуҳии шахс ба боди мобайнӣ (сквозняк) ё харобии қуфл пеш меояд.

“Ва гоҳ иттифоқ меафтад, ки кӯдаки хурд, ки дар утоқ мондааст, худ қуфлро баста, аммо худ қодир ба боз кардани он нест", - мегӯяд Шӯҳрат Сафаров.

КҲФ: аз Сирдарё се ҷавон берун оварда шуданд

Аз ин хотир, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ҳушдор медиҳад: “Ҳатто агар фарзанди шумо дар хона танҳо мондааст, аз тариқи дар бо ӯ иртибот барқарор кунед, ба ҷое наравед, то кӯдак бифаҳмад, ки шумо ҳанӯз дар канори ӯ ҳастед. Ҳангоми хурӯҷ аз хона ҳушёр бошед. Вақте дар аз дохил қуфл аст, бо фарзандони худ дар мавриди чигунагии амал кардан гап занед”.

Умеда Юсупова мегӯяд, Гуруҳи наҷоти Раёсати КҲФ дар шаҳри Душанбе рӯзи гузашта барои берун овардани ҷасади як мард аз рӯди Душанбе низ берун омаданд.

"Раиси бахши КҲФ дар ноҳияи Фирдавсӣ аз ин кашфи ваҳшатнок ба Гурӯҳи наҷот хабар дод. Бино ба иттилои ӯ, ҷасади марде дар рӯди Душанбе, наздикии кӯчаи Қаҳҳоров, 136, дар канори Муҷтамаъи рӯзноаву маҷаллаҳои “Шарқи озод” ҷасаде кашф шудааст. Ба маҳзи расидан ба ҷои ҳодиса ғаввосони Гурӯҳи наҷот ҷасади марди ҳудудан 35 - 40 - соларо берун кашиданд ва ба маъмурони полис таслим карданд”, - гуфт сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон.

Тибқи иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон, тайи нӯҳ моҳи соли 2019 Гурӯҳи наҷоти Кумита 539 хурӯҷи амалиётиро анҷом доданд, ки дар натиҷа 146 нафар наҷот ёфтанд ва аз ин теъдод 31 нафар онҳое ҳастанд, ки дар пайи қуфл шудани дарҳои оҳании вурудии хонаҳояшон нохоста банд мондаанд.