ДУШАНБЕ, 23 ноя — Sputnik. Маъмур Юсуфов, сухангӯи раиси шаҳри Хуҷанд, ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, субҳи имрӯз, 23 ноябр, беш аз 20 ҳазор сокини шаҳр ба намояндагӣ аз касбу кори гуногун “бо шукргузорӣ аз амну осоиштагӣ ва рушди босуботи давлатдорӣ” барои таҷлил аз рӯзи Парчами миллии Тоҷикистон ба кӯчаҳо баромаданд.
Вай афзуд, дар навбати аввал аз ду сӯи хиёбони Раҳмон Набиеви шаҳри Хуҷанд то майдони Парчами миллӣ “бо парафшонии парчамҳои миллӣ ва шиору овезаҳо” ҷавонон ба раҳпаймоӣ шурӯъ карданд.
Раҳмон дар Тоҷикобод мошин тӯҳфа карду майдони Парчам ва Нишони давлатӣ ифтитоҳ намуд
Бино ба ин манбаъ, гирдиҳамоии сокинон дар майдони Парчами миллӣ, дуруст муқобили биноҳои ҳукуматҳои вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд баргузор шуд. Зайнура Азимӣ, муовини Раиси вилояти Суғд номаи табрикотии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзодаро ба ҷамъомадагон қироат кард.
Гуфта шуд, ки парчами миллӣ “василаи тарбия дар рӯҳияи ифтихор аз давлатдории миллӣ ва ҳифзи арзишҳои таърихиву фарҳангии халқамон мебошад” ва “рамзи ҳастӣ ва пойдории давлат, ормони мардуми соҳибтамаддуни мост”, - афзуд сухангӯи шаҳри Хуҷанд.
Раҳпаймоиву консерт: таҷлили Рӯзи Парчам дар вилояти Суғд
Барномаи ин гирдиҳамоӣ беш аз як соат идома дошт ва бо як консерти идона бо ширкати сарояндагони маъруфи вилоят, аз қабили Ҳасани Камол, Давлатманд Қутбиддинов, Олим Юсуфов, Ғуломҷон Мирдадоев ва дигарон ба анҷом расид.
24 ноябр дар Тоҷикистон ҳамчун рӯзи Парчами миллӣ таҷлил мешавад. Дар ин рӯз соли 1992 парчами сурху сафеду сабз минҳайси рамзи миллии давлати Тоҷикистон пазируфта шудааст.