Барфу борон: пешгӯии ҳавошиносони Тоҷикистон барои имрӯз

Ожонси ҳавошиносии Тоҷикистон мегӯяд, имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво номусоид шуда, борон ва барф меборад. Дар бархе навоҳӣ борону барфрезии шадид дар назар аст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 22 ноя — Sputnik. Тибқи иттилои Ожонс, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво абрнок шуда, боридани борон ва барф дар назар аст. Дар баъзе ноҳияҳои ғарбии вилоят бориш шиддат мегирад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм ва рӯзона 1+6 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона 5-10 дараҷа хунук ва рӯзона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм мешавад, хабар додаст “Ховар” аз қавли Ожонс.

Сардшавӣ ва боришоти барфу борон: ҳарорати ҳаво дар Тоҷикистон то 15 дараҷа поён мефарояд

Манбаъ афзуд, ҳаво дар вилояти Суғд абрнок шуда, борон меборад. Дар водиҳо ва ноҳияҳои кӯҳӣ барф меборад. Дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 ва дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддати то 10-15 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 0+5 ва рӯзона 1+6 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 0-5 дараҷа хунук ва  рӯзона  аз 3 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳаво абрнок шуда, борон меборад. Дар водиҳо барфи тар ва дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ барфи шиддатнок меборад. Туман мефарояд.  Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 ва дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддати то 10-15 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 1+6 ва рӯзона 1+6 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона ва рӯзона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм мешавад.

Дар Кӯҳистони Масчоҳ беш аз 200 сар гусфанд зери тарма мондаасту аз чӯпонҳо дараке нест

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво абрнок шуда, дар баъзе ноҳияҳо борон ва барф меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 ва дар ноҳияҳо алоҳида бо шиддати то 10-15 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 0+5 ва рӯзона 1+6 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм ва рӯзона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм мешавад.

КҲФ: 20 ҳолати тармарезӣ дар ВМКБ ва роҳи Душанбе-Чаноқ тайи як шабонарӯз

Дар шаҳри Душанбе ҳаво абрнок шуда, борон ва барфи тар меборад. Туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония  мевазад. Ҳаво шабона 2+4  ва рӯзона 3+5 дараҷа гарм мешавад.