Як моҳу 10 рӯз! Ярмаркада биё, бача!

Ҳукумати шаҳри Душанбе дар ҳамдастӣ бо “Рахш Такси” тасмим гирифтаанд дар пойтахти Тоҷикистон бузургтарин ярмаркаи намоиш ва фурӯши маҳсулотро роҳандозӣ кунанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 21 ноя — Sputnik. Руслани Сарбоз, сардори шӯъбаи маркетинги “Рахш Такси” ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, дар назар аст,  як ярмаркаи бошукӯҳтарин ба унвони "Соли нави 2020" дар хиёбони марказии пойтахт – Рӯдакӣ роҳандозӣ шавад.

Вай афзуд, ба ин ярмарка – бозори бузурги фурӯши маҳсулоти мухталиф,  соҳибкорони муваффақ даъват мешаванд, ки имкони мусоид барои муаррифии маҳсулоти онҳо фароҳам мешавад, то сокинону меҳмонони пойтахт имкони ошноиву хариди онҳоро пайдо кунанд.

 “Аз ҷониби созмондиҳандагон дӯконҳои махсуси орододашуда пешниҳод мешаванд. Ширкатҳо онҳоро ба иҷора мегиранд”, - афзуд Руслани Сарбоз.

Ярмаркаи "Соли нави 2020" аз 1 декабр то 10 январ ва ҳамарӯза аз соати 10-и рӯз то 1-и шаб идома мекунад.

 "Тамоми сокинон ва меҳмонони пойтахт метавонанд дар он ширкат кунанд", - гуфт сардори шӯъбаи маркетинги "Рахш Такси".