ДУШАНБЕ, 21 ноя — Sputnik. Раёсати умури дохилии Тоҷикистон натоиҷи амалиёти "Пиёдагард"- ро эълом намуд. Тибқи иттилои манбаъ, амалиёти мазкур, ки аз 11 - уми ноябр шурӯъ гардида, амрӯз ба анҷом расид, қонуншиканҳои бешуморро муайян кард.
Гуфта мешавад, танҳо давоми як ҳафта аз ҷониби пулиси дар роҳҳои пойтахт 1,5 ҳазор қонуншиканҳо дастгир ва ҷаримабандӣ шуданд.
Манбаъ меафзояд, ки барои нақз намудани қавонини роҳ, ҳамаи пиёдагардони қонуншикан муваззаф шуданд, ки 6 сомониву 88 дирам, ҷарима супоранд.
Милитсияи пойтахт муайян намудаст, ки қонуншиканҳои ашадии қоидаҳои ҳаракти роҳ дар шаҳри Душанбе пиёдагардон мебошанд.
“Рейди” мақомот дар ВМКБ: дар даҳ рӯз 424 қонуншиканӣ ошкор ва 37 ронанда муҷозот шуданд
Зимнан, Раёсати ВКД аз тамоми сокинони ва меҳмонони пойтахт даъват менамояд, ки ҳангоми убури кӯчаву роҳҳо, қидаҳои ҳаракат дар роҳро ба пуррагӣ риоя намоянд, роҳҳои мошингардро аз гузарҳои зеризаминию рӯизаминӣ гузаранд ва ҳаёту саломатии худ ва дигаронро зери хатар нагузоранд.