Ҳушдори Русия дар СММ аз ҳамлаи “ДОИШ” ба дидбонгоҳи Тоҷикистон

Игор Моргулов, ноиби вазири умури хориҷии Русия дар ҷаласаи СММ аз ҳамлаи ҷангиёни созмони террористии “ДОИШ” ба дидбонгоҳи марзии Тоҷикистон зикр карда, ҳушдор дод, ки ин хатар дар минтақа воқеист
Sputnik

ДУШАНБЕ, 20 ноя — Sputnik. Эҳёи сулҳ дар Афғонистон омили асосии амният дар қаламрави кишварҳои Созмони ҳамкории Шанхай мебошад, изҳор дошт Игор Моргулов зимни ҳамоиш дар мавзӯи ҳамкории СММ ва СҲШ дар бахши амнияту пешгирии терроризм.

Баҳси ҳамлаи “Ишқобод” бо ҳузури Раҳмон ва ҳифзи марз-аксҳо

“Таваҷҷуҳи махсусро мо ба вазъ дар Афғонистон дорем, чун сулҳ дар ин кишварро омили калидии таҳкими амният дар қаламрави СҲШ медонем”, - иттилоъ додаст РИА Новости аз қавли Моргулов.

Ӯ дар идома аз ҳамлаи ҷангиёни созмони террористии “ДОИШ” ба дидбонгоҳи “Ишқобод”-и Тоҷикистон дар марз бо Узбакистон зикр карда, онро далели ҷой доштани таҳдиди террористӣ дар минтақа арзёбӣ кардааст.

“Ҳамлаи охири ҷангиёни ДОИШ ба дидбонгоҳи марзӣ дар Тоҷикистон бори дигар нишон дод, ки таҳдиди террористӣ дар минтақа воқеӣ буда, яке аз сарчашмаҳои таъминоти террористҳо даромад аз қочоқи маводи мухаддир боқӣ мондааст”, - изҳор дошт муовини вазири умури хориҷии ВУД Тоҷикистон.

Моргулов таъкид ба ҳамкорию ҳамгироии бештари давлатҳои СҲШ дар доираи СММ ва дигар созмонҳои байналмилалӣ карда, муколомаи созандаи сиёсиро аз роҳҳои босамари ҳалли масоил хондааст.

Ҳамлаи Анвар бо хешон ва дасти тоҷирони Корвон: 21 кушта дар "Ишқобод"

Ахиран гуруҳи террористии ДОИШ бо интишори баёнияе дар сомонаи Аъмоқ масъулияти ҳамла ва куштани 10 тан аз низомиёни тоҷикро бар уҳда гирифтааст. Пеш аз ин мақомоти амниятӣ ва интизомии Тоҷикистон шумори низомиёни кушташуда дар ин даргириро ду нафар ва талафоти муҳоҷимонро 15 тан эълом карда буданд.

Аммо манобеи хабарии мустақил бо истинод ба маросими хоксупории ҷанозаи низомиёни кушташуда дар минтақаҳои мухталифи Тоҷикистон шумори талафоти марзбонони тоҷикро 6 нафар эълом кардаанд.

Мақомоти марзбонии Тоҷикистон бо нашри иттилоияи расмӣ хабар дода буданд, ки шаби 6 - уми ноябр як гурӯҳи 20-нафарии ниқобдор ба дидбонгоҳ дар марз бо Узбакистон ҳамла карданд, ки ба гуфтаи мақомот 15 ҳамлагар кушта шуда, 5 нафарашон боздошт гардиданд. ВУД Тоҷикистон хабар дод, ки 4 нафар дастгир шудаанд.