Путин дидгоҳаш дар бораи Зеленскийро тавзеҳ дод

Роҳбари Русия Владимир Путин дидгоҳаш дар бораи Владимир Зеленский, раисҷумҳури феълии Украина тавзеҳ дод
Sputnik

ДУШАНБЕ, 20 ноя — Sputnik. Раисҷумҳури Русия Владимир Путин зимни суханрониаш дар ҳамоиши  “Русия даъват мекунад!”, ки имрӯзҳо дар шаҳри Маскав баргузор мешавад, дидгоҳаш дар бораи Владимир Зеленский раисҷумҳури феълии Украинаро тавзещ дод.

Назарбоев пешниҳод кард мулоқоти Путин ва Зеленский дар Қазоқистон баргузор шавад

Трамп, Зеленский ва С-400: Путин дар анҷоми саммити БРИКС аз чӣ гуфт

“Назари ман дар бораи ӯ чигуна аст? Ҳеҷ гуна! Ман ӯро ҳеҷ гоҳ надидаам! Ман фикр мекунам, ки ӯ шахси дилчасп аст. Ба фикри ман ӯ самимона мехоҳад вазъро дар кишвар, аз ҷумла дар Донбас беҳтар намояд. То чӣ андоза вай дар ин кор муваффақ мешавад, ман ҳоло гуфта наметавонам”, - гуфт Владимир Путин.

Инчунин ба гуфтаи вай, Зеленский мехоҳад вазъро дар Украина беҳтар намояд ва алакай ӯ иқдомҳои назарррасеро ҳам барои ҷудо кардани нируҳои низомӣ дар Донбасс анҷом додааст.

Ёдрас мешавем, ки қаблан сухангӯи раисҷумҳури Русия Дмитрий Песков гуфт, барномаи сафари Путин ба Париж, ки 9 декабри соли равон дар онҷо ҳамоиши “Чоргонаи Норманд” баргузор мегардад, дар ҳоли баррасӣ қарор дорад.

Эҳтимол нахустин мулоқоти Путин ва Зеленский дар Фаронса баргузор шавад

Қаблан Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина таъкид карда буд, ки кадом масоилро мехоҳад бо Путин дар ҳамоиши “Чоргонаи Норманд” баррасӣ намояд.

Қарор аст, Владимир Зеленский, Президенти Украина зимни мулоқот дар ин ҳамоиш дар ҳузури Эммануэл Макрон, раисҷумҳури Фаронса ва роҳбари Олмон Ангела Меркел аз Владимир Путин се суоли муҳимро пурсон намояд.

Аз ҷумла Зеленский мехоҳад аз Путин дар бораи муҳлати дақиқи бозгашти Донбасс таҳти контроли мақомоти Украина, шартҳои гузаронидани интихобот дар Донетску Луганск ва мубодилаи асиронро суол кунад.