МГБ – 2 шаҳри Душанбе аз ширкатҳои истихроҷи ангишт беш аз 113 млн. сомонӣ қарздор шуд

Давоми даҳ моҳи соли равон аз тарафи ширкатҳои истихроҷи ангишт ба Маркази гарму барқдиҳии Душанбе-2 дар ҳаҷми 944,8 ҳазор тонна, ангишт фурӯхта шудааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 20 ноя — Sputnik. Бино бар иттилои Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир қарзи Маркази гарму барқдиҳии Душанбе-2 (МБГ-2) дар назди корхонаҳои таъминкунанда ба ангишт ба ҳолати 01 ноябри соли равон 113,8 миллион  сомониро ташкил медиҳад.

Манзили аксар сокинони Душанбе бо гармӣ таъмин шуд

Тавре манбаъ қайд намудааст, дар соли 2019 таъминоти МБГ-2 шаҳри Душанбе бо ангишт -1100,0 ҳазор тонна пешбинӣ шудааст, ки ин аз ҷониби КФ “Шахтаи Фон-Яғноб” ба миқдори - 480,0 ҳазор тонна, ҶДММ “Талко Ресурс” - 330,0 ҳазор тонна ва ҶДММ “Комбинати металургии тоҷик” - 290 ҳазор тонна бояд амалӣ карда шавад.

Дар даҳ моҳи соли ҷорӣ 947,8  ҳазор тонна ангишт барои эҳтиёҷоти  МБГ-2 шаҳри Душанбе интиқол дода шудааст, ки 96 дарсади нақшаро дар бар мегирад.

Таъминот аз тарафи  КФ “Шахтаи Фон-Яғноб”- 472.7 ҳазор тонна, ҶДММ “Талко Ресурс” –250 ҳазор тонна ва ҶДММ “Комбинати металургии тоҷик” –225,1 ҳазор тонна амалӣ карда шудааст.

“Корхонаҳои соҳа аз тамоми имкониятҳо истифода бурда, кушиш доранд, нақшаи таъминоти ангишт барои эхтиёҷоти МБГ-2 шаҳри Душанберо ба пуррагӣ иҷро намоянд”, -таъкид намудааст манбаъ.

Вазорати саноат зикр намудааст, ки захираи ангишт дар анборҳои корхонаҳои соҳа то 1 ноябри соли ҷорӣ 412.5 ҳазор тоннаро ташкил медиҳанд.

Дар ҳамин ҳол, қарзи музди меҳнат дар корхонаҳои соҳа ба санаи 01  октябри соли равон, 3966,2 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Асосан қарзи музди меҳнат дар КФ Шахтаи “Фон-Яғноб” ба надозаи 1678,6 ҳазор сомонӣ ва ҶСК “Ангишт” -1575,2 ҳазор сомонӣ ба миён омадааст.

Зимнан, сохтмони Маркази барқу гармидиҳии Душанбе -2 дар чорчӯби созишномаи байни Тоҷикистон ва Чин, ки соли 2012 имзо шуда буд, сурат гирифт. Ин аст, ки корҳои сохтмонӣ моҳи ноябри соли 2012 бо арзиши лоиҳавии 870 миллион сомонӣ оғоз гардид. Дар сохтмони марказ зиёда аз 1600 мутахассису бинокорони Тоҷикистону Чин - кормандони Ширкати бонуфузи ТВЕА ширкат намудаанд.