Гаронии нархи бензин ба тазоҳуроти густурда дар Эрон оварда расонд - акс

Sputnik

Ҳукумати Эрон тасмим гирифтанд, сар аз 15 - уми ноябр арзиши маводи сӯхти навъи бензинро гарон намуда, системаи хариди сӯзишворӣ бо нархи имтиёзнокро сангин гардонад.

Амрико ба оташи хашми тазоҳургарони Эрон равған мерезад

Ҳамакнун, нарзи бензин дар Эрон аз 10 ҳазор риоли қаблӣ ба 15 ҳазор риол гарон шудаст.

Гузашта аз  ин, квотаи хароҷоти моҳонаи бензин барои ҳар як мошини хусусӣ 60 литр муқаррар карда шудааст. Дар сурати хариди бештари бензин аз меъёри муқарраршуда, он ба қиммати 30 ҳазор риол барои як литр фурӯхта мешавад.

Зимнан, раисҷумҳури Эрон Ҳасан Рӯҳонӣ тасмими боло бурдани арзиши маводи сӯзишвории бензинро ба хотири дастгирӣ аз шаҳрвандони нодор рабт дода буд.

Аммо тасмими гирифтаи ҳукумати Эрон боиси хашми аксар шаҳрвандон гардида, онҳо бо доир намудани раҳпаймоӣ ба кӯчаҳо рехтанд.

Гуфта мешавад, дар тазоҳуроти оммавӣ беш аз даҳҳо ҳазор шаҳрвандони норизо иштирок доранд. Роҳпаймоӣ дар шаҳрҳои Шероз, Бирҷанд, Аҳваз ва дигар шаҳрҳо доир ҷараён гирифт.

Зикр мегардад, ки дар Сирҷон, тазоҳургарон ҳатто кӯшиши оташ задани анбори нафт намуданд, ки кормандони пулис аз ин кори онҳо  пешгирӣ карданд.

Ҳушдори вазири Эрон аз амалиёти "ДОИШ" дар Тоҷикистону Узбакистон

Гузашта аз ин, шаҳрвандони норизо ба бонку мағозаҳо хисорот оварда, ҳамчунин як нуқтаи фурӯши сузишвориро оташ заданд.

Бар асари ҳамаи ин бесарусомониҳо якчанд  кормандони пулис ва як нафар тазоҳургар ҷон аз даст доданд.

1 / 10
Дар ҷараёни тазоҳурот шаҳрвандони норизо ба чандин бонку мағозаҳо хисорот оварда, ҳамчунин як нуқтаи фурӯши сузишвориро оташ заданд.
2 / 10
Тазоҳургарон бинои Бонки марказии Эронро оташ заданд.
3 / 10
Гузашта аз ин, онҳо камераҳои назоратие, ки дар кӯчаҳо насб шуда буданд, шикастанд.
4 / 10
Дар натиҷаи тазоҳурот дасти кам як тазоҳургар ва якчанд корманди пулис ба ҳалокат расиданд
5 / 10
Феълан алайҳи ҳалокати шаҳрванди Эрон тафтишот идома дорад.
6 / 10
Кормандони пулис барои пароканда кардани тазоҳургарон аз гази ашковар истифода намуданд.
7 / 10
Эътирозҳо сиёсӣ шуданд, чун мардум алайҳи сиёсати ҳукумат шиорҳо мебардоштанд.
8 / 10
Раҳпаймоӣ қариб 40 шаҳри Эронро фаро гирифт
9 / 10
Эътирозгарон ҳатто роҳҳои мошингузарро масдуд мекарданд.
10 / 10
Ҳукумати Эрон ба хотири маҳдуд кардани дастрасии эътирозгарон ба шабакаҳои иҷтимоӣ, суръати интернетро коҳиш додааст.