Боздошти марди 79-сола ҳангоми дуохониву зинокорӣ дар Суғд – видео

Кормандони милитсия Тоҷикистон дар вилояти Суғд барои бадахлоқию анҷоми ҳаракатҳои шаҳвонӣ алайҳи Юсупов Уктам, сокини 79-солаи шаҳри Конибодом парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 20 ноя — Sputnik. Тибқи иттилои ВУД Тоҷикистон, Юсупов Уктам, сокини шаҳри Конибодом вилояти Суғд, ҳангоми анҷоми дуохониву ҳаракатҳои шаҳвонӣ нисбати занҳо боздошт шудааст.

Юсупов Уктам аз сӯи кормандони Шуъбачаи милитсия шаҳраки Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров боздошт шудааст.

Масъулини Вазорати умури дохилӣ бо нашри як гузориш хабар доданд, ки Юсупов Уктам дар баробари дуохониву додани тумору таштов, ҷодушиканӣ дар машғул шуда, нисбати занони муроҷиаткунанда ҳаракатҳои бадахлоқона анҷом додааст.

“Номбурда зимни сеансҳои табобатӣ бо баъзе аз мизоҷон аз ҷумла бо зани 35 солаи яке минтақаҳои вилояти Суғд ба зинокорӣ роҳ додааст”, - таъкид намудааст ВУД.

ВУД таъкид намуд, аз рӯи ҳодисаи мазкур оғози парвандаи ҷиноятӣ андешида шуда истодааст.

Дар ҳамин ҳол, дар наворе, ки ВУД вилояти Суғд ҳануз моҳи сентябр нашр кардааст кардааст, назари худи Юсупов Уктам дар мавриди айби эълонкардаи мақомот маълум нест.