Рӯзи 19 ноябр дар ҷаҳон чӣ рух дод
Соли 1893 аввалин маротиба дар таърихи ҷаҳон дар рӯзномаи "Ню-Йорк Велд" замимаи ранга нашр гардид.
Соли 1969 футболбози бразилиягӣ Пеле голи 1000-уми худро зад.
Соли 1969 Ҳукумати Гана аз кишвараш 500 ҳазор муҳоҷиронро хориҷ кард.
Соли 1984 дар Мехико бар асари таркиш дар нуқтаи нигоҳдории сӯзишворӣ 334 нафар ба ҳалокат расид.
Соли 1987 нархи рекордии фурӯши автомобил ба миён омадааст, ки дар музояда автомобили тамғаи "Бугати Роял-1931" («Bugatti Royale-1931») 5,5 миллион доллар нархгузорӣ шуд.
Соли 1991 дастаи футболи занонаи Шветсия дастаи футболи занонаи Ҷопонро бо ҳисоби 8:0 мағлуб кард (ин рекорд натиҷагирии мусобиқаҳои финалии чемпионати ҷаҳон миёни занон арзёбӣ мегардад).
Соли 2011 масъалаи вазъи муҳоҷирони тоҷик дар ҳудуди Федератсияи Русия муҳокима карда шуд.
Рӯзи 19 ноябр дар Тоҷикистон чӣ рух дод
Соли 2011 Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси тантанавӣ бахшида ба 60 -солагии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ кард.
Соли 2012 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, дар паҳлӯи чапи қасри фарҳанги Арбоб Маркази муҳташами фарҳангию фароғатӣ, ки бо нақшу нигор дар болои чӯб, санг, гаҷ ва оина оро ёфтааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Соли 2017 размоише, ки дар он беш аз 5 ҳазор сарбозу афсар аз Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон дар он ширкат карда ва 60 ҳавопаймову чархбол, беш аз 1500 ҷангафзори сабуку сангин, аз ҷумла сомонаи мушакии "Искандар", бумбафканҳо ва паҳподҳо (ҳавопаймоҳои ҳидоятшаванда аз дур) ба кор бурда шуданд, дар Тоҷикистон анҷом ёфт.
Соли 2018 Президент қарор барои кӯчондани аҳолӣ аз кӯҳистони камзамин ба водиҳоро имзо кард.
Ҷашнҳои рӯзи 19 ноябр
- Дар Украина – Рӯзи кормандони хоҷагии қишлоқ.
Рӯзи 19 ноябр дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст
Соли 1938 – Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Носирҷон Азизов.
Соли 1940 -1998 – олим Барот Шокиров.
Соли 1942 – композитор Фирӯз Баҳор.
Соли 1951 – ҳунарманди театр Сабоҳат Қосимова.
Соли 1953 – сароянда Фотима Тураева.