Заминфурӯши қалбакӣ боздошт шуд: 14 ҳазор доллар бар ивази замини кишоварзӣ

Заминфурӯши қалбакӣ ба харидор марди 44-сола замини кишоварзиро нишон дода ваъда додааст, ки бар ивази 14 ҳазор доллар ин заминро ҳуҷҷатгузорӣ карда, ба ӯ медиҳад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 19 ноя — Sputnik.  Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон аз боздошти марди 44-сола сокини ноҳияи Рӯдакӣ, ки дар ҷинояти қаллобӣ вобаста ба қитъаи замин гумонбар дониста мешавад, хабар додааст.

Қаллобони заминфурӯш боздошт шуданд

Ожонси зидди фасод раиси ҷамоати Чорсӯи шаҳри Ваҳдатро дастгир кардааст

Бино бар иттилои манбаъ, клормандони милитсия муайян карданд, ки марди 44-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ, соли 2010 бо роҳи фиреб ба боварии марди 44-солаи сокини ҳамин ноҳия даромада, бар ивази 14 ҳазор доллар қитъаи замин ваъда додааст.

ВКД Тоҷикистон зикр намудааст, ки шахси номбурда ба марди 44-сола аз ҳудуди ҷамоати деҳоти Россия, деҳаи Қӯштеппа, 0,12-га қитъаи замини кишоварзиро нишон дода ваъда додааст, ки ин заминро ба номаш ҳуҷҷатгузорӣ карда медиҳад.

Қарори Ҳукумат барои бештар кардани кормандони идораи замин

Манбаъ зикр намудааст заминфурӯш маблағро гирифта, то ҳол на замин ва на маблағро барнагардонидааст. 

Дар ҳоли ҳозир, кормандони милитсияи Тоҷикистон аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишотро идома доранд.