ДУШАНБЕ, 19 ноя — Sputnik. Сар аз 20 - уми ноябри соли равон бо сабаби ворид шудани ҳавои сарди арктикӣ якбора ноустувор гардидани вазъи обу ҳаво дар назар аст, хабар медиҳад агентии "Ховар".
Ба иттилои манбаъ, дар ин рӯз ҳарорати рӯзонаи ҳаво 8+13 дараҷа гармиро ташкил намуда, баъдан 21-23 ноябр дар водиҳо ва доманакўҳҳо ҳарорат паст шуда, то 0+5 дараҷаи гармро ташкил медиҳад.
манбаъ бо такя ба маълумоти Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки 21 ноябр дар ҷумҳурӣ борон борида, охири рӯз дар бештари водиҳо, доманакӯҳҳо ва ноҳияҳои кӯҳӣ ба барфи тар мубаддал гардидани он пешбинӣ мешавад.
Борону раъду барқ: обуҳавошиносон дар Рӯзи забон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ доранд
Давомнокии боришоти борон ва барфи тар дар аксар ноҳияҳои тобеи марказ, вилояти Хатлон ва ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон то 23 ноябр аз эҳтимол дур нест.
Бо сабаби якбора паст шудани ҳарорати ҳаво ва боридани барф дар роҳҳои нақлиётгарди кӯҳӣ пайдоиши қабати барф дар назар аст. Дар ин давра дар қаламрави ҷумҳурӣ фаромадани туман пешбинӣ шуда, дурии биниш аз 200 то 500 метрро ташкил медиҳад.
Аз 24 то 26 ноябр дар ҷумҳурӣ боришот қатъ гардида, софшавии ҳаво дар назар буда, туман мефарояд. Инчунин ҳарорат паст шуда, шабона дар водиҳо то 0-5 дараҷа сард, дар доманакӯҳҳо то 3-8, дар минтақаҳои кӯҳӣ аз 5-10 то 10-15 дараҷа сардӣ ва дар ноҳияҳои баландкӯҳ то 20-25 дараҷа хунукӣ дар назар аст.