Қарори нави шаҳрдори Душанбе: Wi-Fi - ро “Smart city” назорат кунад

Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе зимни як қарор тартиби танзими кори интернети Wi-Fi дар ҳудуди пойтахтро маълум кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 19 ноя — Sputnik. Дар ин қарор, ки таҳти рақами 716, рӯзи 15 ноябри соли равон ба тасвиб ва дар сомонаҳои расмии шаҳрдории Душанбе пахш шудааст, ҳадаф “ҳифзи амнияти иттилоотӣ, таъмини бехатарии шаҳрвандон ва беҳтаргардонии хизматрасонӣ ба истифодабарандагони шабакаи иттилоотӣ-телекоммуникатсионии Интернет аз рӯи технологияи Wi-Fi дар ҳудуди шаҳри Душанбе” унвон шудааст.

Қарори нави Рустам Эмомалӣ ба тасвиб расид

Қарор бар қонуни конститутсионии “Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ”, қонунҳои “Дар бораи мақоми пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи иттилоотонӣ”, «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон” ва Қоидаҳои фароҳамоварии хизматрасонии Интернет дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 августи соли 2001, №389 тасдиқ шудааст, такя мекунад.

 Ин қонунҳо заминаи гирифтани тасмим ба хотири таъмини амнияти иттилоотӣ, бехатарии шаҳрвандон ва беҳбуди хизматрасонии интернети Wi-Fi – ро барои мақомоти шаҳри Душанбе фароҳам мекунанд.

 Бино ба қарори раиси шаҳри Душанбе, аз ин ба баъд ашхоси ҳуқуқӣ ва физикӣ, ки бо ироаи хадамоти интернет тариқи технологияи Wi-Fi дар пойтахт машғуланд, бояд иҷозаи расмӣ дошта бошанд ва аз сабти мақомот гузаранд.

Масъулин бар ин боваранд, ки танзими онҳо заминаи назорати фаъолияти қонунӣ ва ҳамзамон амнияти шаҳрвандонро фароҳам месозад.

Ниҳоде, ки ин гуна хадамот ва фаъолияти ироакунандагони онро муттаҳид ва назорат мекунад, тибқи қарори шаҳрдори Душанбе, корхонаи воҳиди давлатии “Шаҳри ҳушманд (Smart city)” хоҳад буд, ки дар тобеияти ҳукумати шаҳри Душанбе мебошад.

Дар ҳоли ҳозир ширкатҳои мобилии Тоҷикистон дар ҷойҳои ҷамъиятии пойтахт нуқтаҳои ироаи Wi-Fi худро фароҳам кардаанд, ки маъмулан як гуна имтиёздиҳӣ ба муштариёни онҳо ва ройгон аст.