Боздошти сокини 68 солаи Восеъ: манзили зисташро ба қиморхона табдил дод

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти як сокини ноҳияи Восеъ хабар медиҳад, ки хонаи истиқоматии худро ба қиморхона табдил додаст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 19 ноя — Sputnik. Кормандони Шӯъбаи умури дохилии вилояти Хатлон, сокини  68 - солаи деҳаи Кадучии ноҳияи Восеъро  боздошт намуданд, ки дар ташкили қиморхона гумонбар дониста мешавад.

Видеои қиморхонаҳои чипдори Душанбе ва мизоҷони хонабардӯши “Инвест Лото”

Бар хабари Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, Табаров Раҷабалӣ муддати як моҳ манзили истиқоматии худро ба қиморхона табдил додааст.

Рейд: боздошти гургҳои қиморбози "алик-малик" дар Душанбе

Номбурда ҳамзамон чор ҷавони 22, 25, 27 ва 31 - сола, сокинони деҳаи Кадучиро низ  ба бозии қимор ҷалб намудааст.

ВУД Тоҷикистон мегӯяд, аснои дастгир намудан, аз қиморбозон як адад пули 100-сомона, шаш адад  20-сомона, 13-адад 10-сомона, як адад  5-сомона, як адад  3-сомона, картаҳои қиморбозӣ ва 2-адад чоркунҷаҳои ишоратӣ (зарик) ҳамчун далели шайъӣ гирифта шуданд.

Фиребхӯрии сокини Душанбе: ҳам хонаро аз даст дод ва ҳам пули калонро

Гуфта мешавад, нисбати Табаров Раҷабалӣ бо моддаи 240 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Манбаъ тавзеҳ медиҳад, ки нисбати иштирокдорони дигар протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шудааст.