Аз тарбияи фарзанд то ивази ном: комиссияи ҳуқуқи кӯдаки Хуҷанд 33 масъаларо баррасӣ кард

Дар ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳуқуқи кӯдак дар шаҳри Хуҷанд 33 масъала аз ҷумла мушкилоти ба тарбият гирифтани ноболиғон ва табдили ном баррасӣ шуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 19 ноя — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти мақомоти шаҳри Хуҷанд, ахиран дар бинои мақомоти шаҳр ҷаласаи навбатии комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдак баргузор гардид.

Талоши мақомоти Хуҷанд барои ҷалби сокинон ба гирифтани фарзанд аз хонаи кӯдакон

Тавре манбаъ қайд намудааст, дар ҷаласаи мазкур раиси Комиссияи ҳуқуқи кӯдак, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Фирӯза Нуруллозода ҳузур доштанд.

Аъзои комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдаки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд дар ҷаласаи навбатии худ 33 масъаларо мавриди баррасӣ қарор доданд.

Талоши мақомоти шаҳри Хуҷанд ба ҷалби сокинон барои гирифтани фарзанд аз хонаи кӯдакон

“Аз ҷумла, масоили шаҳрвандонро доир ба таъин намудани васӣ, барои ба тарбият гирифтани ноболиғон, муайян намудани рӯз ва соати муошират бо фарзанд, табдили ном ва ғайраҳоро омӯхта, қарорҳои дахлдор қабул намуданд”, - таъкид намудааст шаҳрдории Хуҷанд.

Ҳамчунин аъзои комиссия баррасии пешниҳодоти як қатор мақомоти ҳифзи ҳуқуқро доир ба рафтору кирдорҳои ноболиғонро бо иштироки худи онҳо, маъмурияти мактаб ва волидайнашон мавриди баррасӣ қарор доданд.