Дар як рӯз дар Тоҷикистон ҳудуди 12,6 миллион доллар фурӯхта мешавад

Бонки миллии Тоҷикистон эълон намудааст ҳаҷми фурӯши доллар дар як моҳ бо ҳисоби миёна 376,8 миллион доллар ташкил медиҳад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 18 ноя — Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон дар як баёнияи худ эълон намудааст, ки ҳаҷми фурӯши доллар дар як рӯз дар ҷумҳурӣ 12,6 миллион долларро ташкил медиҳад.

Пул ҳаст: Бонки миллӣ гуфт, дар набудани пули нақд худи ташкилотҳои қарзӣ айбдоранд

Тибқи иттилои Бонки миллӣ ташкилотҳои қарзии Тоҷикистон ба ҳисоби миёна дар як моҳ барои аҳолии Тоҷикистон 376,8 миллион доллар ба фурӯш мебароранд.

Бонки миллӣ таъкид намудааст, ки ин арқом аз оморҳои ташкилотҳои қарзӣ гирифта шудааст ва ин омор дақиқ мебошад.  

Ҳамзамон манбаъ таъкид намудааст, ки дар 8 моҳи соли равон ташкилотҳои қарзӣ ҷумҳурӣ маблағҳои ширкатҳои воридкунандаи маҳсулоти сузишвориро дар ҳаҷми 289,9 миллион доллар мубодила кардаанд. Аз 289,9 миллион 111,5 миллион доллар ё (38,5%) ба ширкати “Газпромнефт Тоҷикистон” рост меояд.

Ёдрас мешавем, ки чанде пеш Бонки миллии Тоҷикистон дар як изҳороти худ таъкид намудааст, ташкилотҳои қарзии ҷумҳурӣ ба маблағи зиёда аз 7 миллиард сомонӣ бо пули нақд таъмин шудаанд.

Бонки миллӣ таъкид намудааст, ки ташкилотҳои қарзӣ барои гирифтани пули нақд тибқи муқаррарот дархостҳои худро бояд ба Дастгоҳи марказӣ ва шуъбаҳои минтақавии Бонки миллии Тоҷикистон як рӯз қабл аз гирифтани пули нақд пешниҳод намоянд.