ДУШАНБЕ, 18 ноя — Sputnik. Бурҳонзода ҳафтаи гузашта зимни гирифтани имтиёзҳои андозӣ дар парлумон, ба вакилони мардумӣ гуфт, нақша доранд, истеҳсоли панҷ намуди нақлиёти мусофирбарро роҳандозӣ кунанд.
“Ҳоло як намуди онро истеҳсол намуда, ба ихтиёри МИҲД шаҳри Душанбе гузоштем, ки дар пойтахт ба хизматрасонӣ машғуланд. Дар марҳилаи дуюм истеҳсоли автобусҳои дарозиашон 8,5 метр ба нақша гирифта шудааст, ки он моҳҳои декабри соли ҷорӣ ё январи соли 2020 оғоз меёбад”, - хабар додаст нашрияи парлумонии “Садои мардум” аз қавли мудири “Авесто гуруҳ”.
Дар мавриди дастури Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон барои истеҳсоли микроавтобусҳо, Бурҳонзода гуфт, ҳоло се намуди микроавтобус омода шуда, аз тариқи санҷиш дар яке аз хатсайрҳо ба кор шурӯъ менамояд.
Савоб ба ҷои сомонӣ: ҳайрати мусофирон вақте ронанда ба ҷои 5 сомонӣ дуо хост
“Баъди анҷоми муҳлати санҷишӣ мо ба хулоса меоем, ки кадоме аз онҳо барои хизматрасонӣ муносиб дониста мешавад. Баъд истеҳсоли оммавии он шурӯъ мешавад”, - изҳор дошт ӯ.
Абдуҳалим Ғаффоров, раиси Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон аз мудири “Авесто гуруҳ” суол кард, ки аз истеҳсоли автобусҳо ба буҷети давлатӣ чӣ қадар даромад ворид шуд.
Бурҳонзода посух дод, ки дар ҷумҳурӣ истеҳсол шудани автобусҳо арзонтар буда, ҷойҳои корӣ муҳайё мешаванд. Ӯ далел овард, ки арзиши чунин автобусҳо дар Туркия ба 132 ҳазор евро, дар дохили ҷумҳурӣ бошад, ба 110 -115 ҳазор евро баробар аст.
Эълони шаҳрдорӣ: дар бархе кӯчаҳо мусофирбарҳои хурд манъ ва автобусҳо зиёд мешаванд
Ӯ иттилоъ дод, ки корхонаи муштараки васлу насб ва истеҳсоли автобусҳо як сол аст, ки дар Душанбе муназзам фаъолият карда, дар он беш аз 200 мутахассиси маҳаллӣ ба кор ҷалб шудаанд.