Ожонси омор мизони таваррум дар Тоҷикистонро гуфт

Ожонси омори Тоҷикистон мизони таваррум дар моҳи октябр мизони таваррум дар моҳи октябри соли равонро 0,1 дарсад арзёбӣ кард, ки нисбати нишондодҳои моҳҳои қаблӣ поинтар мебошад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 18 ноя — Sputnik. Мизони таваррум дар бахши масрафкунандаи Тоҷикистон дар 10 моҳ 6,5 дарсад буд, гузориш медиҳад ТоҷикТА.

Вазъи мардум хуб шудааст: вазири тоҷик сабаби қиматшавии гӯштро гуфт

Бино ба иттилоъи ожонси омори вобаста ба раисҷумҳури ҶТ, ин мизон дар моҳи октябр 0,1 дарсад буд.

Дар ин муддат нархи маводди ғизоӣ ва ғайриғизоӣ, ҳамчунин, нархи хидматрасониҳои пулакӣ рушд кард. Дар зимн, мизони солонаи таваррум, аз моҳи октябри соли 2018 то октябри соли ҷорӣ 7,3 дарсад буд.

Гузориши телевизиони давлатии Тоҷикистон аз зарари гӯшт

Ҳукумати Тоҷикистон имсол дар сатҳи 7 дарсадӣ нигаҳ доштани мизони таваррумро барномарезӣ кардааст. Соли гузашта ин мизон 5,4 дарсад буд.