ДУШАНБЕ, 18 ноя — Sputnik. Зани 54-сола, сокини ноҳии Рӯдакӣ ба идораи милиса аз фиребкории ҷавони 20-сола, сокини шаҳри Душанбе ва марди 31-сола, истиқоматкунандаи ноҳияи Рӯдакӣ шикоят кард, хабар дод ВУД Тоҷикистон.
Муроҷиаткунанда арз доштааст, ки афроди мазкур хонаашро 190 ҳазор сомонӣ нархгузорӣ карда, гирифтаанд, аммо то ҳол маблағашро надодаанд. Зани ҷабрдида таъкид намудааст, ки харидуфурӯш моҳи апрели соли равон сурат гирифтааст.
“Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Рӯдакӣ бо ариза зани 54-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки моҳи апрели соли 2019, марди 20-солаи сокини шаҳри Душанбе ва марди 31-солаи сокини ҷамоати деҳоти Сарикиштии ноҳияи Рӯдакӣ бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ хонаи истиқоматиаш, воқеъ дар ҷамоати деҳоти Сомониёнро ба маблағи 190 000 сомонӣ нархгузорӣ карда, гирифтаанд, аммо то ҳол маблағашро барнагардонидаанд”, - омадааст дар иттилоияи ВУД.
Мақомоти умури дохилии Тоҷикистон таъкид намудаанд, ки феълан аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.